Боздошти зани тоҷик, ки ҳамсояашро бо зарби 12 корд кушта гурехта буд

Боздошти зани тоҷик, ки ҳамсояашро бо зарби 12 корд кушта гурехта буд

 Шаҳрванди 36-солаи тоҷик дар шаҳри Саранский Ҷумҳурии Мордовия дастгир шуд, ки ӯ дар Тоҷикистон ҷинояти одамкуширо содир намудаст. Дар ин бора сомонаи  Mordovmedia M Ru. хабар медиҳад.

Маврид ба ёдоварист, ки Абдуллоева ҳанӯз моҳи августи соли 2018 дар шаҳри Турсунзода ҳамсояи худро бо корд зада, ба ҳалокат расонида буд. Баъд аз содир намудани ҷиноят ӯ роҳ ба гурез мениҳад ва мақомоти марбута ӯро таҳти пайгард қарор медиҳанд.

Ҳамин тавр, бо гузашти як сол аз ҳодисаи мазкур ин ҷинояткорро дар Ҷумҳурии  Мордовия дарёфт ва боздошт мекунанд. Гуфта мешавад, Абдуллоева аз  ҷониби сардори идораи пулиси рақами 1- уми раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Саранск боздошт шудаст.

Дастгиршуда дар ватани худ ҳамсояашро бо зарби 12 корд зада куштааст.

Ҳоло Додгоҳи олии Федератсияи Русия дархости ҷониби Тоҷикистонро барои истирдоди Абдуллоева мавриди баррасӣ қарор дорад.

Айни замон Абдуллоева дар ҳабс аст ва мӯҳлати боздошти ӯ 40 рӯз, то 5 уми августи соли 2019 гуфта мешавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон