БОХТАР: АРӮСАКИ 20-РӮЗА УКСУС ХӮРД

БОХТАР: АРӮСАКИ 20-РӮЗА УКСУС ХӮРД

 Дирӯз дар шаҳри Бохтар як арӯсаки 20-рӯза уксус хӯрдааст. Дар ин бора шоҳидони ҳодиса ба хабарнигорони Оила ТЧ хабар доданд.Ба қавли манбаъд, гӯё байни Гулорои 21 сола ва модаршӯяш ҷангу ҷанҷоли сахт бархоста, арӯсак аз аламу дард уксус хӯрдааст. 
Аммо хушдомани арӯси уксус хӯрда ба кормандони мақомот гуфтааст, ки байни ӯ ва келинаш ягон моҷарои сахте, ки боиси қасди худкушӣ намудан гардад, нагузашта буд. Ба қавле модаршӯйи Гулоро ӯ танҳо ба арӯсак гуфтааст, ки хӯрок ҳанӯз хом аст, барои кашидани таом саросема нашавад. Ба гуфти хушдоман арӯси эрка аз ҳамин як калима гап фоҷиа сохта, уксус хӯрдааст. 
Айни замон Гулоро дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии шаҳри Бохтар дар ҳолати вазнин қарор дорад. Табибон барои наҷот додани ҷони ин ҷавонзан мубориза бурда истодаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон