расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Имрӯз мурофиаи қатлу таҷовузи Ҳувайдои 5-сола аст: Сёминро ба додгоҳ меоранд

. / Муҳоҷир

Имрӯз мурофиаи қатлу таҷовузи Ҳувайдои 5-сола аст: Сёминро ба додгоҳ меоранд

Дар мурофиа ба ҷуз вакили дифоъ, ҳамчунин намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва Иззат Амон вакили дигари дифоъи тоҷики муқими Маскав низ ширкат мекунанд.

Абдусалом Саидов ва вакили дифоъ Шавкат Умаров
Сурат: аз А. Саидов
Имрӯз 20-уми ноябр баъди танаффуси тӯлонӣ мурофиаи додгоҳии баррасии парвандаи қатли духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода доир мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Абдусалом Саидов, падариҲувайдо хабар дод,
Ба гуфтаи номбурда, имрӯз соати 11 дар Додгоҳи вилояти Маскав ҳамроҳи ҳимоятгари худ Шавкат Умаров, намояндагон аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия, Иззат Амон ҳимоятгари муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва дигар наздикони падари Ҳувайдо дар мурофиаи навбатии додгоҳӣ иштирок хоҳанд кард. 
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки, ки ҷониби онҳо омода аст, ки далелҳоро ба додрас дар мавриди даст доштан ва гумонбар будани Александр Сёмин дар қатли Ҳувайдои хурдсол пешниҳод намоянд.
Абдусалом Саидов мегӯяд, бовари ба адолати додрас дорад ва умед дорад, ки ин охирин мурофиаи суди буда, қотили фарзандаш ҷазо мегирад. 
Хотиррасон мекунем, ки 22-юми июли соли равон аз куштори Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки дар шаҳри Серпухови Русия бераҳмона кушта шуд, 2 сол сипарӣ гардид. Аммо то ҳол гумонбари қатли ӯ маҳкум нашудааст. Падари Ҳувайдо афзуд, ки дар беморхонаи равонӣ қарор доштани Александр Сёмин, қотили Ҳувайдо сабаби то ҳол ҷазо нагирифтанаш ва тамдид шудани мурофиаи додгоҳӣ мебошад.

Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.
Аммо баъдан наздикони Сёмин ва вакили дифояш гӯё ба далели гирифтори бемории равонӣ будани ӯ кори мурофиаи додгоҳиро кашол доданд.
Аммо Абдусалом Саидов ҳанӯз 1-уми октябр ба  “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки гумонабари қатли духтаракаш дигар бемор нест ва пизишкон вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ кардаанд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.