ЛАҚАБИ ШУМО ЧИСТ? (ВИДЕО)

ЛАҚАБИ ШУМО ЧИСТ? (ВИДЕО)

 Мардуми тоҷик аз қадимулайём як одати бисёр аҷиб доранд-нимшӯхию нимҷидӣ ба ҳамдигар лақаб мегузоранд. Лақабгузорӣ хоса дар деҳоти Тоҷикистон бисёр маъмул аст.

Мардум бо дарназардошти рафтору кирдор ё шакли зоҳирӣ ба ҳамдигар лақаб мегузоранд, масалан, агар дар як деҳа ду-се Саид бошад, барои аз ҳамдигар фарқ карданашон “Саиди-кал” ё Саиди шикам” гӯён, ба ҳар кадоми онҳо лақаби мувофиқ мегузоранд. Дар кишвари мо ҳатто деҳаҳое ҳастанд, ки мардумаш саросар лақаб доранд.

Лақабгузорӣ натанҳо дар байни мардуми оддӣ, балки ҳатто дар байни ситораҳои санъат ва дигар чеҳраҳои шинохтаи илму адаб низ бисёр маълум аст. 

Мехоҳед лақаби устодони санъат ва ҳунармандони машҳури театру кинои тоҷикро бидонед? Пас мутаваҷҷеҳ бошед ба навори мо. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон