Мутриба Ҳотамӣ дар Қирғизистон ҷои аввалро гирифт

Мутриба Ҳотамӣ дар Қирғизистон ҷои аввалро гирифт

 Дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Леонид Юртаев – аввалин гроссмейстери ин кишвар – баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи шоҳмоти Қирғизистон, дар мусобиқа 160 шоҳмотбоз аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат намуданд. Фонди ҷаизаи мусобиқа 2000 долларро ташкил медод.

Мусобиқа аз рӯи ду категория сурат гирифт: “А” – мусобиқоти инфиродӣ аз рӯи раддабандии ҷаҳонӣ, “В” – вохуриҳо миёни кӯдакону наврасон. Бозиҳо тибқи талаботи Федератсияи байналмилалии шоҳмот аз рӯи системаи швейтсарӣ дар 9 давр баргузор шуд.

Дар категорияи “А” миёни бонувон шоҳмотбози маъруфи кишвар Мутриба Ҳотамӣ ҷои аввал, Сарвиноз Каримова ҷои сеюмро сазовор шуданд. Намояндаи дигари кишвари мо Алишер Каримов миёни мардҳо ҷои 9-умро ишғол намуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон