МАРДИ ВАХШӢ ДАР МАРДИКОРБОЗОРИ ҲИСОР МУРД

МАРДИ ВАХШӢ ДАР МАРДИКОРБОЗОРИ ҲИСОР МУРД

 Имрӯз, тахминан соатҳои 8.30-9.00 дар мардикорбозори Ҳисор, ки дар як гӯшаи бозори марказии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, як марди тахминан 55-60 сола дар канори роҳи одамгузар ҷон ба ҷонситон супурдааст.

Тавре ки шоҳидони ҳодиса дар сухбат ба хабарнигори оила тч гуфтанд, ин мард аслан аз ноҳияи Вахш буда, дар ҷустуҷӯи кор ба Ҳисор омадааст.

Мардикороне, ки дар ин бозор ҳамарӯза ризқу рӯзии хешро меҷӯянд, мегӯянд, аксари корфармоён мардони синну солашон ҷавон ва бо китфу бозуро киро мекунанд. Азбаски умри ин мард ба ҷое расида буд, ба ӯ камтар таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд.

Ба қавли шоҳидони ҳол, ин марди бечора ба хотири дарёфти қути лоямут зорию тавалло менамудааст, ки ӯро киро кунанд, синну солаш калонтар бошад ҳам, аз ҷавонҳо беҳтар кор карда метавонад, аммо корфармоён ба суханонаш бовар накарда, мардикорони ҷавонтарро киро карда мебурданд. Барор нагирифтани кораш ин мардро сахт асабонию малул гардонида буд ва пайваста оҳи бадард мекашид.

Билохира, ин марди бетолеъ аз шиддати гармии ҳаво ё бемории номаълум дар мардикорбозори Ҳисор ҷон додааст.

Шоҳидон мегӯянд, қабл аз маргаш ӯ як шиша оби сард нӯшида буд.    

Ёдрас мешавем, ки бекорӣ имрӯз дар Тоҷикистон ба мушкили №1 табдил ёфтааст. Бо сабаби душвор будани пайдо кардани кори муносиб дар Ватан ҳамасола ҳазорон-ҳазор ҷавонмардони тоҷик дар ҷустуҷӯи ризқу рӯзии худ ва аҳли хонаводаашон ба Русия ва дигар кишварҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Касоне, ки имкони ба муҳоҷрати меҳнатӣ рафтанро надоранд, дар мардикорбозор, ки қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳо вуҷуд дорад, интизори корфармоён мешаванд, то бо корҳои мувақатӣ дастмояе барои пешбурди рӯзгори хеш ба даст оваранд, аммо дар ин ҷо на ҳамеша кори корҷӯён барор мегиранд...

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон