ҶАСАДИ МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО АЗ ДАРЁ ЁФТАНД

ҶАСАДИ МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО АЗ ДАРЁ ЁФТАНД

 Субҳи имрӯз ҷасади як муҳоҷири 30-солаи тоҷикро дар Русия аз дарё ёфтанд. Ин ҷавони ғуррамарг, ки дар байни амвоҷи хуношоми дарё ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супурд, сокини ноҳияи Ҳисор Орипов Ҳасан Раҳматуллоевич будааст.

Касоне, ки ин оиларо хуб мешинохтанд, мегӯянд, моҳи октябри соли гузашта падари Ҳасан дар Русия аз бом афтида, миёнаш шикаста буд ва ӯро дар ҳолати маъюбӣ муҳоҷирони тоҷик ба Ватан фиристоданд. Марги нобаҳангоми писари ноновараш Ҳасан барои ин мард зарбаи дигаре гашт, ки қомати ӯро дубора шикаст ва ба гумон аст, ки баъди ин фоҷиаи сангин падар аз нав ба худ омада тавонад. Модари Ҳасан шаш моҳ қабл аз олам даргузашта, ин ҷавон ягона такягоҳи падар ва аҳли хонаводааш буд, аммо тақдири бераҳм бар ҷони ҷавони ӯ ҷабр карда, дар дарё ғарқ шуд. Аз Ҳасани ноком се тифли хурдсол ятим монд.

Муҳоҷироне, ки ҳамроҳи Ҳасан кор мекарданд, аз ӯ чун як ҷавонмарди бо нангу номус ва саховатманду дасткушод ёд карда, мегӯянд, ҳар гоҳ дар Русия ба сари касе мусибате меомад, аввалин шуда, ҳамин ҷавон ба имдод мешитофт ва ба қадри тавони худ дар интиқоли ҷасад ба Ватан ва ҳалли дигар мушкилоти бародарони ғариб саҳми хешро мегузошт. Акнун ҳамкоронаш барои интиқоли ҷасади Ҳасан ба зодгоҳаш маблағ ҷамъ карда истодаанд ва аз тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш доранд, ки дар ин кори савоб дасти кӯмак дароз намоянд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон