Мақомоти қирғиз омодаанд, ба Отамбоев муҳофизони бештаре диҳанд

Мақомоти қирғиз омодаанд, ба Отамбоев муҳофизони бештаре диҳанд

 Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон иттилоъ дар бораи аз субҳи 28 июн бозхонди муҳофизони давлатии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро рад кард.

Кумита иттилоъ медиҳад, ки "шумори муҳофизон тағйир наёфтааст". Ба ҷуз ин, КДАМ изҳори омодагӣ кард, ки дар сурати зарурат барои ҳифзи Отамбоев муҳофизони иловагӣ фиристад.

Ҷонибдорони Алмосбек Отамбоев пештар аз ин хабар доданд, ки субҳи 28 июн муҳофизони давлатӣ бидуни огоҳӣ манзили Отамбоевро тарк кардаанд.

Порлумони Қирғизистон 27 июн дар асоси хулосаи айбдорсозии Додситонии кул дахлнопазирии Алмосбек Отамбоевро ба ҳайси президенти пешин бекор кард.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон