Брекданс бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ

Брекданс бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ

 Намудҳои варзиши шӯхпаймоӣ, мавҷбозӣ, скейтбозӣ ва брекданс бо қарори иҷлосияи 134-уми Кумитаи байналмилалии олимпӣ муваққатан ба барномаи Бозиҳои олимпии Париж-2024 ворид карда шуданд.

иж-2024 дуюм мизбони Бозиҳои олимпӣ мебошад, ки имкон дорад, барои ба барномаи бозиҳо ворид кардани якчанд намуди варзиш ба КБО пешниҳод манзур намояд.

“Ин чор намуди варзиш, ки аз ҷониби Париж-2024 пешниҳод шудааст, ба баробарии гендерӣ, шаҳрӣ кардани бозиҳо мусоидат мекунад ва ба ҷавонон имкон фароҳам меорад, ки иштирокчии Бозиҳои олимпӣ бошанд”, — иброз дошт президенти КБО Томас Бах.

Мусобиқаи брекданс бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ доир хоҳад гашт. Шӯхпаймоӣ, мавҷбозӣ ва скейтбозӣ ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 ворид гардидаанд.

Акнун, Комиссия оид ба барномаи олимпии КБО таҳлил ва назоратро аз болои ин чор намуди варзиш идома медиҳад. Аз ҷумла, комиссия ҳамроҳ бо Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024 мусобиқаҳо оид ба шӯхпаймоӣ, мавҷбозӣ ва скейтбозиро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 таҳлил ва баррасӣ менамоянд. Брекданс ба барномаи Бозиҳои олимпии наврасон-2018 дар Буэнос Айрес дохил буд.

Кумитаи иҷроияи КБО қарори ниҳоиро оид ба барномаи Бозиҳои олимпии Париж-2024, шумораи варзишгарон ва қувваозмоиҳо моҳи декабри соли 2020 қабул мекунад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон