расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ӯзбекистон ба парвозҳои мустақими ширкатҳои Русия иҷоза дод

. / Ҷомеа

Ӯзбекистон ба парвозҳои мустақими ширкатҳои Русия иҷоза дод

Кай барои Тоҷикистон низ иҷоза мешавад, ҳоло маълум нест.

Сурат: gazeta.ru
Баъзе ширкатҳои ҳавопаймоии Русия барои анҷоми парвозҳои мунтазам ба Ӯзбекистон иҷоза гирифтанд.
Бино ба иттилои хабаргузории “Фергана” бо истинод ба фармони Росавиатсия, шарҳ дода мешавад, ки додани иҷозатнома ба ширкатҳо барои барқарор кардани парвозҳо бо хатсайрҳои байнулмилалӣ қарор ё асос шуда наметавонад.
Иҷозатнома ҳуқуқи ширкат мебошад, ки зимни барқарор шудани парвозҳо аз он истифода бурда метавонад.

Тавре аз замима ба фармон бармеояд, минбаъд бо чунин хатсайрҳо боз парвозҳо сурат гирифта метавонанд: Новосибирск — Бухоро, Екатеринбург — Бухоро, Краснодар — Қаршӣ, Москва — Навоӣ, Санкт-Петербург — Нуқус, Екатеринбург — Ургенҷ, Санкт-Петербург — Ургенҷ.
Ёдрас мекунем, ки чанде пеш Тоҷикистону Русия дурнамои барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни кишварҳо, инчунин ташкили парвозҳои чартериро баррасӣ намуданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода хабар дод, зимни мулоқот тариқи онлайн масоили барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистону Русия, роҳандозии парвозҳои чартерӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии давлатҳо барои ба ватан бурдани ҳамватанон аз ҳар ду тараф баррасӣ шуданд.
“Ҷониби Тоҷикистон ба барқарор кардани алоқаи ҳавоии мунтазам изҳори омодагӣ кард. Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус дар бораи барқарор намудани парвозҳо қарор қабул кард. Ҷониби Русия низ омода аст, лекин тасмими Ситоди фаврии худро оид ба коронавирус дар мавриди ин масъала интизор аст. Ин масъала байни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дорад”, - хабар дод Субҳонзода.
Зикр шуд, ки ҳамчунин ҷонибҳо тартиби додани иҷозатнома барои иҷрои парвозҳоро ба ширкатҳои ҳавопаймоии аз ҳар ду ҷониб таъиншуда мувофиқа карданд.
Ёдрас мекунем, ки алоқаи ҳавоии мунтазам байни Тоҷикистону Русия охири моҳи март бар асари пандемияи коронавирус қатъ шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.