расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Берун аз мактабмондаҳо. Рӯзгори одамони шунавоияшон суст

. / Ҷомеа

Берун аз мактабмондаҳо. Рӯзгори одамони шунавоияшон суст

Омӯзиши забони имову ишора натанҳо барои онҳо, балки ба ҳамаи атрофиён низ зарур аст.

Фарҳодҷон Энназаров
Сурат: акс аз муаллиф
« Агар мо медонистем, ки то чӣ андоза дониш муҳим аст, пас то ба охир таҳсил мекардем», - чунин андеша доранд шахсони  болиғ, ки  мушкили шунавоӣ доранд. Ин одамон дар даврони мактабӣ бинобар сабабҳои гуногун, натавонистаанд  дониши мактаби миёнаро бигиранд.

Мӯзадӯзони спитаменӣ

Ҳамарӯза дар бозори марказии ноҳияи Спитамен се нафар мӯзадӯзҳо ба кор мебароянд. Ҳамаи онҳо ношунаво ҳастанд ва сарнавишти онҳо яксон аст. Дар айёми кӯдакӣ онҳо бемор шуда, қобилияти шунавоии хешро барои ҳамеша аз даст додаанд.
Фарҳодҷони 39-сола синфи панҷумро дар мактаб-парваришгоҳи  кӯдакони ношунаво ва ё шунавоияшон сусти деҳаи Хистеварзи ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров хатм кардааст. Ба ҳангоми таътил вай ба хонаашон омад ва дигар ба парваришгоҳ барнагашт. Волидон барои бозгашти ӯ ба курсии мактабӣ исрор наварзиданд. Фарҳодҷон ба онҳо дар пешбурди кори рӯзгор ёрӣ мерасонд. Вақте ба балоғат расид, барои дарёфти ризқу рӯзӣ озими Русия шуд.
Вай дар он ҷо тайи якуним сол ба ҳайси шогирди устои мӯзадӯз  кор карда, нозукиҳои пешаи мазкурро аз бар кард.  Ба Ватан баргашта, корро ҳамчун устои мӯзадӯз дар бозори марказӣ оғоз кард. Баъдан, бо раҳнамоӣ ва маслиҳати волидон хонадор шуд.
Ҳамсари Фарҳодҷон, мисли ӯ, шахси дорои имконияташ маҳдуд аст. Вай ҳамчун дӯзанда кор мекунад. Бар хилофи пешниҳоду маслиҳати пизишкон дар мавриди хатарҳои ҳомилагӣ ва эҳтимоли ба дунё омадани кӯдакони нокомил, дар хонавода тифле чашм  ба олами ҳастӣ кушуд. Ҳоло  писари хонадон- Машрабҷон 14-сола аст.
Акс аз муаллифи матлаб
Назар ба суханони модари Фарҳодҷон Равшаной Энназарова, аз байни панҷ нафар фарзандонаш танҳо ӯ мушкили шунавоӣ дорад.
- Вақте писарамон дусола буд, вай ба бемории менингит (илтиҳоби пардаҳои мағзи сар) гирифтор шуд. Сарфи назар аз муолиҷа, Фарҳодҷон барои ҳамеша шунавоиро аз даст дод. Вай маъюби гуруҳи дуввум буда, 108 сомонӣ нафақапулӣ  мегирад. Фарҳодҷон барои он ки ҳаққи кирояи дӯкон, барқ, хадамоти расмию ғайрирасмии бозорро бипардозад, бидуни рӯзи истироҳат кор мекунад. Агар вай саривақт маълумот ба даст меовард, имкони пайдо кардани ягон кори маошаш нисбатан хубтарро дошт. Ба духтари солим издивоҷ мекард.
Равшаной иброз медорад, ки агар писараш забони имову ишораро медонист, пас вай метавонист ба онҳо андешаву ормонҳои хешро бифаҳмонад. Омӯзиши забони имову ишора на танҳо ба ӯ, балки ба писари ӯ низ зарур аст. Ҳарчанд хонаводаи Энназаровҳо ӯзбекҳои маҳаллӣ мебошанд, набераашон забони давлатиро хуб балад аст. Вай ба падараш бояд дар бораи навгониҳое, ки  дар кишвар ва хориҷ аз он  рух медиҳанд, иттилоъ бидиҳад.
- Аз ин рӯ, мо бисёр мехостем, то мақомоти марбута дар мавриди ташкили курсҳои омӯзишии забони имову ишора андеша бикунанд, - мегӯяд зан.- Ин курсҳо натанҳо барои ношунавоён, балки ба волидон ва фарзандони онҳо низ зарур мебошанд.
Дар раддаи дигари  бозор дӯкони устои мӯзадӯзи дигар – падари чаҳор фарзанд Давронҷон Муродбоқиеви 52-сола қарор дорад. Муошират бо ӯ  бароямон бо мушкилӣ даст дод. Нақши тарҷумониро ҷавоне, ки дар дӯкони рӯ ба рӯ ба таъмири асбобу таҷҳизоти барқӣ машғул буд, бар дӯш гирифт. Маълум гардид,ки Давронҷон то ба синни чаҳорсолагӣ ҳарф  мезад. Мисли қаҳрамони қаблӣ, ӯ низ баъди мубтало шудан ва аз сар гузаронидани бемории менингит (илтиҳои пардаҳои мағзи сар) шунавоиро аз даст дод. Вай дар мактаби таълимоти ҳамагонӣ то синфи чаҳор таҳсил карда, баъдан, барои батамом тарки таҳсил кард. Вай дар назди як устои мӯзадӯзи маҳаллӣ ин ҳунарро фаро гирифт. Ҳамсари Давронҷон маъюби гурӯҳи саввум аст. Нафақапулии вай 300 сомониро ташкил медиҳад. Нафақапулии  худи ӯ низ, тақрибан чунин аст. Дар хонавода чаҳор нафар кӯдак тарбият меёбанд, ки ҳама ягон мушкилоти  шунавоӣ надоранд. Сарвари хонадон бо ифтихор аксҳои духтарони хешро нишон медиҳад. Вай умед бар он дорад, ки ҳамаи онҳо маълумоти лозимаро ба даст хоҳанд овард.
Давронҷон Муродбоқиев
Фарҳодҷон ва Давронҷон мутаассиф аз он ҳастанд, ки таҳсилро дар мактаб тарк кардаанд.
- Мо кӯдак  будем ва намедонистем, ки то чӣ дараҷа таҳсил дар зиндагии мо нақши муҳим мебозад. Ҷойи таассуфи бузург аст, ки  волидони мо низ барои хатми мактаб намудани мо пойфишорӣ накардаанд, - оҳ мекашанд мӯзадӯзҳо.
Ношунаво, вале боистеъдодҳо
Сарвари бахши Иттиҳодияи миллии  маъюбони Тоҷикистон  дар ноҳияи Спитамен Маҳбуба Убайдуллоева тайи 17 соли охир дар созмони мазкур кор мекунад.
Назар ба суханони ӯ, дар ноҳия 2075 нафар ашхоси имконияташон маҳдуд зиндагӣ доранд, ки  20 нафари онҳоро нафарони ношунаво ё шунавоишон суст ташкил мекунанд. Бисёре аз онҳо дар хона мондаанд ва ба мактаб намераванд. Ин дар ҳолест, ки  миёни онҳо бисёр кӯдакони  лаёқатманд ва боистеъод  ҳастанд.
Яке аз онҳо Марзияи 20-сола (номи қаҳрамон бинобар назокатҳои ахлоқӣ дигар карда шудааст) - сокини деҳаи Хуррамзамин  мебошад. Сарфи назар аз маҳрум будан аз  шунавоӣ, духтарак тасвирҳои бисёр зебо мекашад ва ба бофандагӣ низ шуғл меварзад. 
Ҳангоми мактабхонӣ волидони Марзия барои таҳсили ӯ исрор наварзидаанд.  Баръакс, онҳо духтари хешро аз атрофиён таҷриду ҷудо  карда, ӯро аз муошират бо ҳамсолонаш маҳрум сохтаанд. Бад-ин тартиб, монеъи рушди мутавозини ӯ шудаанд.
«Ҳамакнун волидони Марзия  аз сарнавишти минбаъдаи духтари худ мушавваш ҳастанд,- мегӯяд Маҳбуба Убайдуллоева.- Агар онҳо ба ман даҳ сол қабл барои дарёфти кӯмак муроҷиат мекарданд, метавонистам дар вориди таҳсил шудани духтарашон дар мактаб- парваришгоҳ ёрӣ расонам. Чунин кӯдаконе, ки берун аз деворҳои мактаб мондаанд, дар ноҳия хеле бисёранд. Вале мушкили умумиямон дар он аст, ки мо якдигарро амиқу дуруст намешиносем. Ин одамон наметавонанд ба мо дар бораи мушкилот ва ормонҳои хеш қисса бикунанд. Барои он ки мо байни ҳамдигар озод муошират бикунем, тарҷумонҳо заруранд».
Акс аз муаллиф
Назар ба суханони Маҳбуба, ба тарҷумонҳои оянда бояд ҳама шароитҳои лозимро фароҳам овард, то онҳо забони имову ишораро азхуд бикунанд.
Дар он сурат, онҳо метавонанд на танҳо худи ношунавоёнро биёмӯзонанд, балки хешу пайвандон ва атрофиёнро низ биёмӯзонанд. Ҳамчунин муҳим аст, ки шабакаҳои телевизионии давлатӣ ҳамон тавре дар кишварҳои ҳамсоя анҷом медиҳанд, курсҳои омӯзишӣ ва тарҷумаи ҳамзамонро ба роҳ бимонанд.
«Гузашта аз ин, вақти он даррасида то барномаҳои телевизионӣ бо иштироки ашхоси мушкили шунавоидошта созмон дода шаванд, - таъкид медорад Маҳбуба.- Зеро бисёре аз онҳо ҳомилони идеяҳои наву ғайриодӣ ва ҷолиб  мебошанд. Мо бояд андешаҳои чунин инсонҳоро бишнавем ва идеяи онҳоро дар зиндагӣ татбиқ намоем».
Акс аз муаллиф
Мавод аз рӯйи  лоиҳаи «Нашунидан мушкил нест, мушкил дар  хонда натавонистан аст»  дар чаҳорчӯбаи Барномаи осиёимарказии  MediaCAMP тавассути дастгирии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) таҳия шудааст. Масъулияти муҳтавои мақола бар дӯши ТҶ «Рангинкамон» буда, нуқтаи назари  USAID- ро инъикос намекунад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.