Дуздӣ дар дохили корхона

 Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии пойтахт, марди 44-солаи сокини кӯчаи Пӯлодии шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат кардааст, ки 22-юми июни соли 2019, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба корхонааш, воқеъ дар кӯчаи Карамови ҳамин шаҳр даромада, аз он ҷо 11-метр кабелҳои медӣ, ки арзишашон 6440-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини пойтахтро бо гумони дуздӣ дастгир карданд.
Ин далел мавриди тафтиш қарор дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон