20 футболбози сердаромадтарини ҷаҳон дар соли 2019

 20 футболбози сердаромадтарини ҷаҳон дар соли 2019

 Дар пешорӯи зодрӯзи Лионел Мессӣ сомонаи русии sports.ru рейтинги футболбозони сердаромадтарини соли 2019-ро нашр кард.

Ин рӯйхат дар заминаи ҳаҷми умумии маблағи шартномаҳои таблиғотии бозигарон таҳия шудааст. Ба навиштаи ин пойгоҳи интернетӣ, агар даромади молии ситораҳои футболро аз реклама сарфи назар намоем, тартиби номҳои рӯйхат тағйир меёбад.

Ҳамин тариқ, дар ин раддабандӣ футболбози маъруфи аргентинӣ Лионел Мессӣ садрнишини ин ҷадвал аст, ки дар як сол 92 миллион доллар (танҳо бо назардошти маош ва мукофотҳо) ва ба илова 35 миллион доллар аз роҳи реклама ба даст меоварад.

Рақиби асосии Мессӣ – Криштиану Роналду дар асоси шартномаҳои таблиғотӣ 44 миллион доллар кор мекунад, ки дар қиёс бо Мессӣ 9 миллион зиёдтар ба ҳисоб меравад. Азбаски Криштиану чун Лионел маоши баланд намегирад, маблағи ҷамъбастӣ имкон намедиҳад, ки ӯ дар зинаи аввал қарор бигирад.

20 футболбози баландмуздтарини ҷаҳон инҳоянд:

  1. Лионел Мессӣ – 127 миллион доллар
  2. Криштиану Роналду – 109 миллион доллар
  3. Неймар – 105 миллионов долларов
  4. Поль Погба – 33 миллион доллар
  5. Андрес Иниеста – 32,5 миллион доллар
  6. Алексис Санчес – 30,8 миллион доллар
  7. Килиан Мбаппе – 30,6 миллион доллар
  8. Месут Озил – 30,2 миллион доллар
  9. Оскар – 29 миллион доллар
  10. Антуан Гризманн – 27,7 миллион доллар
  11. Гарет Бэйл – 27,1 миллион доллар
  12. Муҳаммад Салоҳ – 25,1 миллион доллар
  13. Анхел дӣ Мария – 23,7 миллион доллар
  14. Луис Суарес – 23,6 миллион доллар
  15. Серхио Агуэро – 22,6 миллион доллар
  16. Тиаго Силва – 22,5 миллион доллар
  17. Хамес Родригес – 22,1 миллион доллар
  18. Серхио Рамос – 21,9 миллион доллар
  19. Гратсиано Пелле – 21,7 миллион доллар
  20. Жерар Пике – 21,7 миллион доллар
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон