Lionsgate: Кор аз рӯи «Голодные игры» оғоз шуд

 Lionsgate: Кор аз рӯи «Голодные игры» оғоз шуд

 Киностудияи Lionsgate корро рӯи лоиҳаи нави худ — баэкранории приквели силсилафилми китобии «Голодные игры», ки нависанда Сюзен Коллинз муаррифӣ намуда буд, шурӯъ намуд. Пештар маълум гардида буд, ки романи беном 19-уми майи соли 2020 ба намоиш гузошта мешавад.

Сужаи филм 64 сол пеш аз воқеаҳои «Голодные игры»-ро дар бар хоҳад гирифт. «Бо ёрии ин китоб ман мехостам табиати инсониро тадқиқ намоям ва кӯшиш мекунам, ки ба саволҳои зерин ҷавоб гӯям: мо кӣ ҳастем ва барои зинда мондан бояд кадом корҳоро амалӣ гардонем», — шарҳ додааст худи нависанда.

«Студия барои филми «Голодные игры» хона ба ҳисоб меравад ва акнун бошад, мо интизори китоби навбатии Сюзен ҳастем. Мо бо ӯ ҳангоми коркарди роман ҳамсӯҳбат шуда будем ва дар идома низ ҳамкории ӯро дар филмҳои нав интизор ҳастем», — гуфта шудааст дар изҳороти студияи Lionsgate.

Хотиррсон мешавем, ки филми «Голодные игры» соли 2012 ба тамошобинон пешниҳод шуда буд. Нақши марказиро Ҷеннифер Лоуренс офаридааст. Дар тасвири мазкур инчунин Стэнли Туччи, Уэс Бентли, Уиллоу Шилдс, Лиам Хемсворт, Элизабет Бэнкс, Ҷош Хатчерсон ва дигарон ҳунарнамоӣ намудаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон