Том Хэнкс дукони армуғонро ғорат намуд (ВИДЕО)

Том Хэнкс дукони армуғонро ғорат намуд (ВИДЕО)

 Том Хэнкс, коргардон ва ҳунарпешаи амрикоӣ аз рӯи шарти кардааш, дар мағозаи армуғонро дуздӣ кард. Ин ҳунарманди шинохтаи Ҳолливуд, ки дорои обрӯю нуфузи баланд мебошад, ба хотири дӯсташ, ровии телевизион Ҷиммӣ Киммелӣ шуда ин корро анҷом дод. Том барои наворбардории яке аз бахшҳои Jimmy Kimmel Live! Ба студия омада буд. Дар давоми пахш ровӣ ба ӯ пешниҳод намуд, ки шакли картонии худашро, ки дар мағозаи армуғони назди студия буда, воқеъ дар гулгашти Голлиди Лос-Анҷелес ҷойгир шудааст, ранг намояд.

Хэнкс розӣ шуд. Дар натиҷа пас аз «тафтишот» ба Киммел на танҳо шакли гуфтаашро, балки инчунин якчандто «Оскар»-ро овард. Ӯ ин чизҳоро низ бе иҷозат аз рафи мағоза гирифт. Ғайр аз он, ҳунарпеша шакли Мэтт Деймонро, ки аз рӯи он ровии шоу чанд соли охир масхара мекард, рангубор намуда баъд рафт.

Пештар расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки ситораи Ҳолливуд тасодуфан ба қаҳвахонае бо табъи болида даромад ва ҳамаи муштариёни дар он ҷо ҳузурдоштаро бо гамбургер ва картошка фрӣ меҳмондорӣ намуд.

Сарчашма: kp.ru

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон