расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » "Қатли Туғрал" дар Теҳрон нашр шуд

. / Ҷомеа

"Қатли Туғрал" дар Теҳрон нашр шуд

Ин китоб соли 1993 дар Тоҷикистон бо теъдоди 40 ҳазор нусха нашр шуда буд.

Сурат: Шоҳмансур Шоҳмирзо
Нашриёти “Орван”-и Теҳрон китоби “Қатли Туғрал”, навиштаи Қутбӣ Киромро, ки соли 1993 дар Душанбе чоп шуда буд, нашр кардааст.
Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси Муассисаи фарҳангии ECO бо нашри ин хабар навиштааст, ки дар пешгуфтори китоби мазкур роҷеъ ба зиндагиномаи Туғрали Аҳрорӣ, ҷойгоҳи ӯ дар адабиёти тоҷик маълумот пешниҳод шудааст.
Китоби “Қатли Туғрал” бори аввал соли 1993 дар Тоҷикистон аз сӯйи нашриёти Сино бо тиражи 40 ҳазор нусха ба нашр расид. Қутбӣ Киром шоири халқии Тоҷикистон дар ин китоб фоҷеаи ба шаҳодат расидани Туғрали Аҳрориро ба тасвир кашидааст.
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919), аз шоирони машҳури тоҷик ва аз пайравони муваффақи Бедили Деҳлавӣ буд, ки дар соли 1919 аз сӯйи неруҳои сурхи Шӯравӣ дар зодгоҳаш ноҳияи Айнӣ кушта шуд. Дар замони Шӯравӣ фоҷиаи қатли Туғрал пинҳон дошта мешуд ва куштани ӯ аз сӯйи неруҳои сурхи инкор карда мегшуд.
Баъдҳо бо талошҳои шахсиятҳои барҷастаи сиёёсиву фарҳангие чун Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Носирҷон Маъсумӣ, Ҳабибулло Назаров, Қутбӣ Киром ва чанд тани дигар осораш мунташир шуд бо дастури мақомоти вақт шоири бегуноҳ "сафед" шуд.
Гузаштагони Туғрал самарқандӣ ва аз авлоди Хоҷа Аҳрори Валӣ буданд. Туғрал дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро таҳсил кард ва бо аҳли адаби ин ду шаҳр робитаи амиқи дӯстӣ дошт. Девонаш бори аввал соли 1916 дар чопхонаи Когон мунташир шуд. Осори боқимондаи ӯ, асосан, дар қолиби маснавӣ, қасида, мусаммат, рубоӣ ва фард эҷод шудааст. Маснавии "Лайлӣ ва Маҷнун" - и ӯ иборат аз 219 байт дар пайравӣ аз "Лайлӣ ва Маҷнун" - и Шамсиддини Шоҳин - аз шоирони муосири ӯ  суруда шудааст.
Туғрал дар пайравӣ аз Бедил "Соқинома" - е ҳам навишта ва манзумаи "Наврӯзнома" низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.