Баҳси афви муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик дар Маскав

Баҳси афви муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик дар Маскав

 Мақомоти Тоҷикистон бори дигар масъалаи афви беш аз 200 ҳазор шаҳрванди кишварро бо ҷониби Русия дар миён гузоштаанд.Ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар солҳои гуногун бо ҷурми нақзи қоидаи будубош аз ҳудуди Русия ихроҷ шудаанд. Онҳо аз се то панҷ ва дар баъзе ҳолат то даҳ сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳруманд. Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон, дар мулоқоти рӯзи 18-уми июн бо Валентина Казакова, сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират ба ин мавзуъ дахл кардааст. Дар бораи он ки ҷонибҳо ба чӣ натиҷа раисданд ё ҷараёни афв дар чӣ ҳол аст, иттилоъ дода намешавад. Вале як нафари огоҳ гуфт, ҷараёни афв аз масъалаҳои муҳими суҳбат буд. Хадамоти матбуоти сафорат мегӯяд, «дар ин мулоқот ҷониби Тоҷикистон ба зарурати таҳкими ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид кардааст.» Мавзӯи афви муҳоҷирони тоҷик миёнаи моҳи апрели имсол ҳангоми сафари президенти Тоҷикистон ба Русия садо дод, вале баъдан ҷузъиёте дар бораи ин мавзуъ ироа нашуд. Муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик, ки ин хабарро пайваста дунбол мекунанд, хомӯшии мақомотро ҳамчун нишонаи қабул нашудани ин пешниҳод медонанд. Дар оғози моҳи июн мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, санадҳои заруриро барои афви муҳоҷирон омода ва ба мақомоти Русия пешниҳод кардаанд. Бо ин ҳол, ҷониби Русия то кунун дар бораи эҳтимоли афви муҳоҷирон ҳеч изҳороте надодааст. Дар Русия ба ҳисобҳои мухталиф аз 500 ҳазор то якуним миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сари чанд вақт бархе аз онҳо бо ҷурми нақзи қоидаи будубош ё қонуншикании дигар аз ҳудуди Русия ихроҷ мешаванд. Вале худи муҳоҷирон мегӯянд, мақомоти Русия баъзан ин ҳолатро ба унвони фишор ба ҷониби Тоҷикистон истифода мекунанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон