расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » СИРОҶИДДИН АЗ КОРОНАВИРУС МУРДУ ЗАНУ ФАРЗАНДАШ ДАР КӮЧА МОНДАНД

. / Ҷомеа

СИРОҶИДДИН АЗ КОРОНАВИРУС МУРДУ ЗАНУ ФАРЗАНДАШ ДАР КӮЧА МОНДАНД

...-Апаҷон, бовар кунед, ҳатто роҳкиро надорам, чӣ хел кӯдакамро ба беморхона барам?! Барам ҳам, ягон суд нест, чунки духтурҳо доруву укол менависанд, вале ман пули харидани доруву дармонро надорам. Ночор тани мову тақдири Худо гуфта, дар ҳамин хонаи бе дару тиреза аз хунукӣ дарақ-дарақ ларзида шиштаем...
Саргузашти талхи Сурайёи 24-соларо аз забони худаш аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” бихонед!

Миҷгони сунъӣ ба чашм зарар дорад?

...Ба наздикӣ тӯйи арӯсӣ дорам ва мисоли дигар арӯсакҳо мехоҳам миҷгони сунъӣ часпонам, вале модарам мегӯянд, ки миҷгони сунъӣ ба саломатии чашм зарар дорад. Шунидам, ки миҷгонро ҳам химия мекунанд. Донистан мехоҳам, ки миҷгончаспонӣ ба чашм зарар дорад ё не? Барно, ш. Душанбе
Ҷавоби саволи мазкурро аз гӯшаи “Асрори зебоӣ”-и ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед ва хонед!

Ашки талхи хоҳар

...Баъди як ҳафта Зафар ҷавоб шуду сӯи хонаи падараш не, балки ба хонаи амакаш Раҳимбой роҳ гирифт. Ба хонаи амакаш расиду шах шуд: аз ҳавлӣ садои гиряи хоҳаракаш Мунира ба гӯшаш мерасид. Дарвозаро кушода дид, ки дар канори ҳавлӣ бечора хоҳаракаш ларзон-ларзон дар ҳавои сард косаю табақ мешусту мегирист ва завҷаи амакаш аз дохили хона сӯи ӯ дӯғ мезад...
Қиссаро ба таври муфассал аз шумораи ҷадиди ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед!

Зулайхо албоми навашро бе мухлисонаш муаррифӣ мекунад

...Тасмими бидуни тамошобин муаррифӣ кардани албом ба хотири пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус гирифта шудааст. Чун ҳоло дари толорҳои коснертӣ баста ва ташкилу баргузории ҳамагуна чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ манъ шудааст, овозхон қарор додааст, албоми навашро, ки фарогири беш аз даҳ таронаи ҷадид аст, тариқи шабакаи YouTube ба саҳми мухлисонаш бирасонад...
Ин ва дигар хабарҳои тозаи олами шоу-бизнеси дохилу хориҷро аз саҳифаи “Ситорарез”-и ҳафтаномаи “Оила” пайгирӣ намоед!

Нархи бозор ба осмони ҳафтум баромад-ку?!

...Дирӯз маошамро гирифта, ба бозор рафтам. Ду-се намуд маводи хӯрока харидам. Вақти ҳисобӣ кардан фурӯшанда пурсид: «Холашка, чанд пул дорӣ?» Гуфтам, ки “100 сомонӣ”. “Ин хел бошад, шакару чойро мон, чунки аллакай 127 сомонӣ шуд” гуфт. Зорӣ кардам, ки ҳаққи фарзандонамро кам накарда, маҳсулоташро арзонтар ҳисоб кунад. “Нархи доллар боз баланд шуд” гӯён, заҳрханда кард. Маҷбур шуда, калӯши ба худам харидаро бозпас ба фурӯшанда додам...
Боло рафтани нарху наво дар бозорҳои кишвар сокинонро нигарон кардааст. Ин ва дигар номаҳои пурдардро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” бихонед!

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:
238-52-52

«Маро танҳо нагузор»

Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
подробнее тдж: https://oila.tj/news/siroiddin-az-koronavirus-murdu-zanu-farzandash-dar-kcha-mondand


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.