СММ: Мақомоти Саудӣ дар марги рӯзноманигор Хошуқчӣ айбдоранд

СММ: Мақомоти Саудӣ дар марги рӯзноманигор Хошуқчӣ айбдоранд

 Анес Каламар, гузоришгари махсуси СММ гуфт, ки мақомоти Туркия қисме аз садоҳои дар рӯзи куштори рӯзноманигор дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул сабтшударо ба ихтиёри коршиносони СММ гузоштаанд. Ин садоҳо ва далелҳои дигар шаҳодат медиҳанд, ки Хошуқчӣ қурбони «куштори бераҳмона ва барқасдонаи мақомдорони Арабистони Саудӣ шудааст».

СММ ҳамчунин Риёзро барои пажуҳиши ношаффофи куштори Хошуқчӣ маҳкум кард. Каламар мегӯяд, бояд ҳукумати Арабистони Саудӣ айбдор дониста шавад.

Дар гузориши СММ омадааст, мумкин аст, бархе аз кишварҳо нисбати мақомдорони Арабистони Саудӣ, аз ҷумла валиаҳд Муҳаммад бин Салмон таҳрим ҷорӣ кунанд.

Ҷамол Хошуқчӣ октябри соли 2018 кушта шуд, аммо то кунун ҷасади вай пайдо нагардидааст. Вай ба қабули консули Арабистони Саудӣ дар шаҳри Истамбул рафт ва нопадид шуд. Бо гузашти чанд ҳафта Риёз эътироф кард, ки Хошуқчӣ дар ҳудуди консулгарӣ фавтидааст. Риёз ташкили куштори ӯро комилан рад мекунад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон