Сабаби худкушии наврасон: омӯзгор, шабакаҳои иҷтимоӣ, тамошои филм ё…?

Сабаби худкушии наврасон: омӯзгор, шабакаҳои иҷтимоӣ, тамошои филм ё…?

 Шоми 6 марти соли равон худро овехтани ноболиғи 16 — сола тамоми сокинони шаҳри Ваҳдатро ба ҳайрат овард. Ба гуфтаи ҳамдеҳагон, ин ноболиғ тақрибан соати шаши бегоҳ дар таҳхонаашон бо сабабҳои номаълум худашро ба дор овехтааст.

Пештар, агар расонаҳо дар бораи худкушии занону мардон хабар диҳанд,  дар ҳоли ҳозир бошад, танҳо ноболиғон ба ин амал даст мезананд.  Пас  сабаби худкушии наврасон дар чист? Чаро маҳз наврасон худро побанди чунин корҳо мекунанд?

Агар занон аз тангии зиндагиву ҷабри хушдоману шавҳар ба худкушӣ даст зананд, наврасон аз чӣ сабаб даст ба ин кор мезананд? Муаммост.

Сабабашро ҳама гуногун шарҳ медиҳанд. Соли равон чандин наврасон  қасди ҷони худ карда, ба ин амал даст заданд.  Яке аз сабабҳои худкушии наврасон ин муҳити иқтисодии онҳо бошад, дигараш шояд таъсири муҳоҷирати падару модари онҳо. Дар ин синнусоли гузариш наврасон хеле нозуканд ва метавонанд ба ҳама кор даст зананд. Ҳатто ноболиғонеро аз сомонаҳои иҷтимоӣ мебинем, ки аз тангии зиндагӣ ё  аз ҷанҷоли хонаводагии падару модарашон даст ба худкуши задаанд.

Таълиму тарбияи насли наврас  ин вазифаи асосии ҷомеа ба шумор меравад. Вале, муттаасифона,  мо имрӯзҳо шоҳиди ҳодисаҳое мешавем, ки касро ба ҳайрат меорад. Тангии рӯзгор, хушунати оилавӣ, ҳолати рӯҳиву равонӣ ё  ки бо дигар сабабҳои номаълум худкушии наврасонро мешунавем,  ки  онҳо рӯз аз рӯз зиёд ба назар мерасанд. 

Мадина Дадобоева, мудири кафедраи психологияи касбии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ  дар ин маврид чунин ибрози ақида кард:

-Худкушии наврасон дар илми психология сабабҳои зиёд дорад. Онро  ҳар гуна шарҳ медиҳанд, шояд аз муҳити хона бошад ва ё  шароити иқтисодии онҳо. Дар ҳоли ҳозир сабаби худкушии наврасон ин муассисаҳои таълими низ шуда метавонанд. Аз сабаби саводи кофӣ надоштани муаллим дар бораи   психологияи наврас  ба ӯ фишор меорад.Чуноне  илми психология исбот кардааст, худкушии наврасон асосан аз иродаи онҳо низ вобастагӣ доштааст. Иродаи сусти онҳо низ сабабгори худкушӣ шуда метавонад. Онҳо ба ақидаи шахсии худашон боварӣ надоранд.  Шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба мафкураи наврасон таъсири манфӣ мерасонад. Шоҳиди ҳолатҳое низ будем, ки барои ягон чизи одӣ шуда,  наврасон  байни худ ҷангу хархаша намуда, охир ба худкушӣ оварда мерасонанд. Баъзе ҳолатҳое низ мешавад, ки наврас ба кӣ муроҷиат карда, аз кӣ маслиҳат пурсиданашро намедонад.  Ҳатто баъзе вақтҳо онҳоро ҳатто падару модарашон дастгирӣ намекунад. Иқдоми пешгирифтаи  Вазорати маорифи шаҳр буд ки ҳозир дар тамоми мактабҳо психологҳои касбӣ фаъолият доранду шояд минбаъд худкушии наврасон низ дар Тоҷикистон кам ба назар расад.  Падару модар низ нисбати фарзандони худ бетараф набошанду дар айёми гузариши наврасон,  ки онҳо хеле ҳассос мешаванд, маслиҳаташонро нисбати фарзанди худ дареғ надоранд. Сабаби дигари худкушии наврасон ин буҳрони наврасӣ мебошад,  ки асосан ин давраи гузариш дар синни 16- 17 — солагӣ мебошад.

Сабаби дигари худкушии наврасонро мутахассисони  ин соҳа аз тамошои филмҳои туркиву ҳиндӣ арзёбӣ мекунанд ва онро ноболиғон дар  ҳаёти воқеии  худ тасаввур мекунанд.  

Зарина Рустамова, муаллими кафедраи психологияи касбии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар ин маврид чунин ибрози ақида кард:

-Дар замони ҳозира тадқиқотҳои психологӣ нишон дод, ки сабабҳои худкушии наврасон ин аз стресс ва дипрессия мебошад.  Дар баъзе ҳолатҳо таъсири муҳити иҷтимоӣ сабабгори худкушии наврасон мебошад. 

Муносибати бади омӯзгор, дағалии ӯ низ сабабгори худкушии наврасон мебошад,  зеро дар ин маврид наврас ҳама чизро бо ақидаи худаш қабул мекунад. Қарорҳое, ки наврас дорад, фикрҳое ки ӯ дорад, агар  волидайн ва муаллим  дастгирӣ намоянд,  сафи худкушии наврасон  кам мешавад.

Ҳар сол дар Тоҷикистон то 400 нафар қасди ҷони худ мекунанд. Бино ба оморҳо,тақрибан панҷяки онҳоро наврасону ноболиғон ташкил медиҳанд. Дар 9 моҳи соли гузашта 440 нафар қасди худ кардаанд,  ки аз онҳо 40 нафарашонро ноболиғон ташкил мекунанд.

 Хулоса, мутахассисон ақида доранд ки пешигирии ин амали номатлуб шояд аз фаъол шудани марказҳои равоншиносӣ дар марказҳои шаҳр бошад.

назари худро нависед
  • sivemr
  • 26-06-2019, 23:07
  • : 23:07
    • Маҳкул
    • 0
Какая великолепная фраза

---
Я уверен, что это — неправда. Тонкие клиенты, Маникюрные наборы или https://dostochka.com/kompyuternaya-tehnika/kompyuternye-sistemy/tonkie-klienty
/
Карандаши для бровей и глаз
что бы небыло нада глянуть...

---
Вот ведь создания какие, порно смотреть кунилингус, смотреть жестокое порно и смотреть порно онлайн лучшее порно 1080 смотреть
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон