HRW: Ба Стив Свердлов дар Узбекистон ҳамлаи лафзӣ шуд

HRW: Ба Стив Свердлов дар Узбекистон ҳамлаи лафзӣ шуд

 Муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони байналмилалии Human Rights Watch Стив Свердлов рӯзи 13-уми июн дар Узбекистон мавриди ҳамлаи лафзӣ қарор гирифтааст. Ӯ бо ҳадафи анҷоми таҳқиқот дар шаҳри Тошканд буд.

HRW рӯзи 15-уми июн бо пахши изҳорот ҳамла ба пажӯҳишгарро "бахше аз маъракаи зидди ин созмони ҳомии ҳуқуқ, фаъолон ва журналистон дар Узбекистон" номид ва маҳкум кард. Мавқеи ҳукумати Узбекистон ба ин ҳодиса ҳанӯз маълум нест.

Дар изҳорот омадааст, як видеоблогери узбек бо номи Сардор Комилов ва чаҳор нафари дигар рӯзи панҷшанбе ба меҳмонхонае, ки дар он Свердлов қарор дошт, ворид шудаанд. Комилов дар даромадгоҳи меҳмонхона гуфтааст, ӯ меҳмони Свердлов аст ва ба хотири дарёфти ёрии HRW омадааст. То ҳол худи Комилов ҳам ин ҳодисаро шарҳ надодааст.

Замоне ки Свердлов поин омад, Комилов ва нафарони дигар ӯро ҳалқа гирифта, нагузоштаанд ҳаракат кунад ва дар давоми 20 дақиқа навор бардоштаанд. Комилов ба Свердлов ҳамлаи густардаи лафзӣ ташкил карда, ӯро пайваста таҳқир менамуд. Онҳо ба Свердлов гуфтаанд, ки "аз Узбекистон дафъ шавад".

Кеннет Рот, раҳбари иҷроияи созмони HRW, ин ҳодисаро маҳкум кард. Вай навишт, "HRW аз мутахассиси худ пурра ҷонибдорӣ ва чунин як ҳамлаи ифлосро маҳкум мекунад".

Рот гуфтааст, ин ҳамла бахше аз маъракаи калони зидди созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аст, ки дар Узбекистон ҷараён дорад ва ҳадафи он беобрӯ кардани фаъолони ҳуқуқ мебошад.

То ҳол ҳукумати Узбекистон дар бораи ин ҳодиса чизе нашр накардааст.

Президент Шавкат Мирзиёев, ки соли 2016 сари қудрат омад, гуфта буд, ки аз пайи ислоҳоти сиёсӣ мешавад. Вай ахиран барои талошҳои начандон чашмраси худ дар заминаи ислоҳи вазъи ҳуқуқи башар мавриди интиқод қарор гирифтааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон