Трейлери филми тасвирии «Форсаж» нашр шуд — (Видео)

 Трейлери филми тасвирии «Форсаж» нашр шуд — (Видео)

 Сомонаи хизматрасонии видеоии студияи Netflix дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ тизери аниматсионии аввали спин-оффи «Форсаж» («Fast And Furious- Spy Racers»)-ро ба нашр расонид.

Сужаи филм дар бораи саргузашти Доменик Тореттои ҷавоне нақл мекунад, ки кори худро дар ташкилоти давлатӣ шурӯъ менамояд. Ӯ ӯҳдадор гардидааст, ки пойгачиҳоро (гоншик) дастгир намояд. Нахустнамоиши филми «Форсаж» дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

https://youtu.be/zOvnGabjF8o

Продюсери силсилафилми мазкур Вин Дизел, Нил Моритс, Крис Морган, Тим Хедрик ва Брет Хааленд ба ҳисоб мераванд.

Хотиррасон мегардем, ки 1-уми август соли равон қисми навбатии спин-оффи «Форсаж» ба намоиш гузошта мешавад.

Сарчашма: piter.tv

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон