Ду духтараки рус тоҷикистониро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Ду духтараки рус тоҷикистониро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

 Духтарони мактабхони шаҳри Дубнаи вилояти Маскав марди тоҷикистониро, ки дар канали ба номи Маскав ғарқ шуда буд, наҷот доданд.

Бино ба иттилои сомонаи Mosregtoday, Екатерина Кукова ва Екатерина Василчуки 14-сола садои доду фарёдро дар наздикии канал шунида ва ба самти канал давидаанд.

Дар масофаи 4 метр дуртар аз соҳил марде дар об сарнагун афтода буд. Духтарон тавонистанд сари мардро аз об берун кунанд. Сипас, пулисро барои кумак фаро хондаанд.

Шахси наҷотёфта марди 29-сола, шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ки бо ҳамватанон шарт кардааст, ки аз канал шино карда мегузарад.

Зимнан, дар моҳи ҷорӣ дар вилояти Свердловски Русия марди тоҷик ҳаёти кӯдакеро, ки аз тирезаи бинои баландошёна афтода буд, наҷот дод.

Моҳи декабри соли 2017 марди тоҷик ҳаёти худро ба хатар андохта аз миёни яхҳои дарёи Яузии вилояти Маскав занеро берун карда буд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон