Ҳалокати Абдураҳмони хурдсол зери “чизил”-и трактор

Ҳалокати Абдураҳмони хурдсол зери “чизил”-и трактор

 Дар деҳаи Тоҷикибоди ноҳияи Шаҳритус Абдураҳмони хурдсол ҳангоми ба қисми болои оҳанҳои ҷуфткунии трактори тамғаи “МТЗ-80” часпида савор шудан, зери “чизил”-и трактори мазкур монда, ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, санаи 13-уми июни соли 2019, тахминан соати 12:30-дақиқа, хурдсол Абдураҳмони Зиёрат, соли таваллудаш 2015, сокини деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Шаҳритус, дар заминҳои корами деҳаи Тоҷикобод ба қисми болои оҳанҳои ҷуфткунии трактори тамғаи “МТЗ-80”, таҳти идораи ронанда, Сатторов Ҳасан Хуҷамбердиевич, соли таваллудаш 1978, сокини деҳаи Хушодил, ки дар заминҳои корами деҳаи мазкур ба ҷуфт кардани замин машғул будааст, часпида мақсади савор шуданро кардааст. 

Тавре манбаъ зикр мекунад, дар натиҷа, мутаассифона, Абдураҳмони хурдсол зери “чизил”-и трактори мазкур монда, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон