Аз мақомоти Ӯзбекистон хостанд, дипломати зиндониро озод кунанд

Аз мақомоти Ӯзбекистон хостанд, дипломати зиндониро озод кунанд

 Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи "Human Rights Watch" (HRW) аз Тошканд даъват кард, ки дипломати пешин Қодирҷон Юсуповро фавран аз зиндон раҳо кунад. Юсупови 67-сола бо айби хиёнат ба давлат моҳи декабри соли 2018 зиндонӣ шуда, айни ҳол аз бемории равонӣ ранҷ мебарад.

HRW мегӯяд, дипломати пешинро дар зиндон шиканҷаву таҳқир мекунанд. "Вай 10 сол пеш аз фаъолият дар вазорати корҳои хориҷӣ канор рафт. Қарор аст, ҷаласаи аввали додгоҳии вай 17-уми июн доир шавад, вале мақомот ӯро бояд пеш аз баргузории ҷаласа озод ва шиканҷа шуданашро таҳқиқ кунанд",-омадааст дар изҳороти HRW.

Қодирҷон Юсупов дар вазорати корҳои хориҷии Узбекистон 27 сол кор кард. Соли 2009 аз кор барканор шуд ва ба навиштани мақолаҳои таҳлилӣ шуруъ кард.

HRW мегӯяд, панҷ моҳи аввали боздошт наздикону пайвандони Юсуповро намегузоштанд, ки бо ӯ мулоқот кунанд. Пайвандони дипломати пешин гуфтанд, ҳабс ба вазъи равонии вай таъсири манфӣ расонидааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон