МУҲАММАД САЛОҲРО БА МАСҶИД ДАРОМАДАН НАМОНДАНД

МУҲАММАД САЛОҲРО БА МАСҶИД ДАРОМАДАН НАМОНДАНД

 Ҳамлавари бошгоҳи “Ливерпул” ва дастаи яккачини Миср Муҳаммад Салоҳ аз пушти мухлисон ва рӯзноманигорон вориди масҷиди зодгоҳи худ шуда натавонист.

“Бо баъзе рӯзноманигорон ва одамони одӣ чӣ ҳодиса рӯй дода истодааст? Нафари дигаре намедонад, ки чӣ гуна хонаро тарк кунад, то дар рӯзи ид ибодат намояд. Ин ягон алоқамандӣ бо муҳаббат надорад. Ин беҳурматӣ нисбат ба ҳаёти шахсӣ ва соҳиби касбият набудан аст”, — навиштааст футболбози 26-сола.

Тавре расонаҳо иттилоъ медиҳанд, Салоҳ дар рӯзи охирини моҳи Рамазон ба хонаи волидайн омад, бо наздиконаш дидор намуд ва ният дошт бо аҳли байташ ба масҷид барои намоз гузоштан равад. Вале дар назди хонааш аз деҳаву шаҳр ва вилоятҳои ҳамсоя мухлисону ҳаводоронаш гирд омаданд. Саранҷом танҳо ҳамсару духтар ва падари ҳамлавар ба масҷид рафтанд.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммад Салоҳ дар мавсими 2018-2019 ҳамроҳ бо бошгоҳи “Ливерпул” дар Лигаи қаҳрамонҳо пирӯз шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон