Занозании хонандагони мактаб дар Кӯлоб. Як нафар бистарӣ шуд

 Занозании хонандагони мактаб дар Кӯлоб. Як нафар бистарӣ шуд

 Дар занозанӣ миёни хонандагони мактаб дар шаҳри Кӯлоб чанд нафар захмӣ шудааст.Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дастикам яке аз хонандагонро дар бемористони вилоятӣ бистарӣ карданд. Таҳқиқи ҳодиса аз тарафи маъмурони милиса идома дорад. Занозанӣ рӯзи 11-уми июн байни баъзе аз хонандагони мактабҳои рақами 5 ва 8-и Кӯлоб рух додааст. Ангезаи задухӯрд маълум нест. Мақомот гуфтанд, танҳо пас аз анҷоми тафтишот маълумот хоҳанд дод. Вале бархе аз шоҳидон гуфтанд, дар занозанӣ гӯиё аз корд истифода шудааст. Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон миёни хонандагони мактаб занозанӣ ба амал меояд. Дар гузашта дар чунин занозаниҳо дар Душанбе чанд нафар захмӣ ва кушта шудаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон