ВУД: фоҳишахонаи гуруҳӣ дар Душанбе ошкор шуд

ВУД: фоҳишахонаи гуруҳӣ дар Душанбе ошкор шуд

 Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани 44-сола бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона хабар додТибқи иттилои ВУД, дастгиршуда сокини шаҳри Бохтар буда, хонаи иҷорагирифтааш дар шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил додааст.

“Муттаҳам рӯзи 2-юми майи соли 2019, тахминан соати 14:00, хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Н.Махсуми шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба 3 ҷуфти марду зан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 550 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД таъкид кардааст, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон, тағйирот ба Кодекси ҷиноиро қабул карданд, ки бар асоси он ҷазои занҷаллобону ташкилкунандагони фоҳишахона сангин шуд. Бар асоси иловаҳо ба моддаи 239 қисми 2, ки Маҷлиси миллӣ қабул кард, барои ташкили такрорӣ ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ то 8 соли зиндон муайян шудааст.

Барои ташкил фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ ё занҷаллобӣ дар Тоҷикистон ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шуда буд. Бар асоси тағйироти қабулшуда ба афроде, ки дубора даст ба чунин ҷинояткорӣ мезананд то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.



Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20190610/1029118035/VUD-fohishakhonai-guruhi-dar-Dushanbe-oshkor-shud.html
l

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон