Дар Русия духтари 11-сола аз муҳоҷири ӯзбек ҳомила шудааст

Дар Русия духтари 11-сола аз муҳоҷири ӯзбек ҳомила шудааст

 Дар вилояти Москваи Русия як хонандаи синфи 4-ум аз Каҳрамон Насердинов, шаҳрванди Ӯзбекистон ҳомиладор шудааст.

Ба иттилои нашрияи «Комсомолская правда», муҳоҷири 47-солаи ӯзбек бо духтари ноболиғи рус борҳо ҳамхоба шудааст.

Дар ҳоли ҳозир духтари 11-сола дар ҳафтаи 23-уми ҳомиладорӣ қарор дорад. Ин ҳодиса дар минтақаи Литкарино рух дода, модари хонанда ба пулис шикоят бурдааст.

Додгоҳ 7 июни соли равон дархости муфаттишонро барои ба ҳабс гирифтани шаҳрванди Ӯзбекистон баррасӣ кард. Гумонбар дар додгоҳ гуноҳро ба гардан гирифтааст ва ба ӯ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ноболиғ бо марди гумонбар дар як бино зиндагӣ карда, бо духтари ӯ дугона будааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон