Наворбардории филми «Чёрная Вдова» оғоз гардид

Наворбардории филми «Чёрная Вдова» оғоз гардид

 Наворбардории филми студияи Marvel «Чёрная Вдова» дар деҳаи Сёба, ки дар ғарби соҳили Норвегия ҷойгир аст, оғоз ёфт. Приквел дар бораи саргузашти қаҳрамон Скарлетт Йоханссон нақл мекунад. Лоиҳаи мазкур бо номи «Синее байю» (Blue Bayou) фаъолият менамояд.

Вебнавишти (блоги) норвегияи Out of Dave’s Head мушоҳида намуданд, ки барчасп ё худ логотипи лоиҳаи зикршуда бо ҳарфҳои англисӣ бо қолаби кириллӣ ороиш дода шудаанд. Чаро лоиҳа чунин ном гирифтааст, ҷавоб гуфтан душвор аст. То ҷое ки огаҳ ҳастем, Blue Bayou ба Беваи Сиёҳ ва ё Marvel ягон вобастагие надорад.

Сужаи «Черная Вдова» махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Танҳо ҳамин маълум аст, ки лоиҳа приквел мешавад ва дар бораи яке аз саҳифаҳои торики саргузашти қаҳрамони асосиро нақл мекунад. Аз рӯи овозаҳо, саҳнаҳои филм солҳои 1990—2000-умро дар бар хоҳад гирифт.

Кейт Шортланд вазифаи коргардонии филмро ба ӯҳда дорад. Жаклин Шеффер варианти якуми филмномаи тасвирро навишт, ки пас аз ӯ Нед Бенсон онро таҳрир ва коркард намуд. Ғайр аз Йоханссон дар филм Флоренс Пю, Рэйчел Вайс, Дэвид Харбор ва О. Т. Фагбенлӣ наворбардорӣ хоҳанд гашт.

Сарчашма: https://www.kinopoisk.ru/news/3371022/

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон