расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Барфу сардӣ раиси нави Хуҷандро субҳи барвақт ба кӯча кашонд

. / Сиёсат

Барфу сардӣ раиси нави Хуҷандро субҳи барвақт ба кӯча кашонд

Шаҳрдори Хуҷанд субҳи барвақт ҷаласаи ситоди фаврии шаҳро гузаронидааст

Сурат: Дафтари матбуоти шаҳри Хуҷанд
Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори тозатаъини Хуҷанд корашро аз ошно шудан ба вазъи роҳҳои шаҳр барои зимистон оғоз кардааст. Дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд бо нашри чанд акс дар ин бора иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Фирдавс Шарифзода  баъди ошноӣ аз вазъи роҳҳо субҳи имрӯз як ҷаласаи ситоди фаврӣ баргузор карда, ба беҳтар кардани корҳо таъкид кардааст.
Шаҳрдори Хуҷанд гуфтааст, ки мақомот бояд барои таъмини бехатарии мардум дар давраи зимистон ва саривақту беосеб расидани онҳо ба коргоҳу манзилҳояшон омода бошанд ва роҳҳои шаҳрро зуду фаврӣ тоза кунанд.
Фирдавс Шарифзодаи 36-сола, дирӯз бо фармони Президенти Тоҷикистон иҷрокунандаи раиси шаҳри Хуҷанд таъин шуд, ки то ин замон раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд буд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.