Ҳалокати 4 нафар дар як садама

 Бар асари садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дар рӯзи 1 июн чаҳор нафар ҷон бохтанд.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Қурбоналӣ Абдураҳимов, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда, Маҳмадӣ Нусратов, сокини ноҳияи Данғара бархӯрдааст.

Бар асари ин садама ду мусофири хурдсоли “Опел-Астра”-Раҳим Абдураҳимови 2-сола ва Султонҷон Абдураҳимови соли таваллудаш 2019 ва ду мусофири “Опел-Вектра” Азизулло Нусратови 64-сола ва Озода Нусратоваи 37-сола дар маҳали ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ронандаҳои ин ду автомобил ҷароҳатҳои сахт бардошта ва дар бемористон бистарӣ шудаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон