ЕГОР КРИД ДАР БОРАИ ҲАБИБ НУРМАГОМЕДОВ ЧӢ ГУФТ? (ВИДЕО)

ЕГОР КРИД ДАР БОРАИ ҲАБИБ НУРМАГОМЕДОВ ЧӢ ГУФТ? (ВИДЕО)

 Сарояндаи машҳури Русия — Егор Крид қаҳрамони нашри нави YouTube-шоуи «вДудь»-и Юрий Дуд гардид, ки рӯзи 28-уми майи соли равон пахш шуд. Суҳбат аз баррасии тарки Black Star аз ҷониби овозхон оғоз ёфт. Егор ба ровӣ чӣ тавр тахаллуси саҳнагияшро аз даст надодан ва рост ё дурӯғ будани овозаеро, ки гӯё дар оғози фаъолияти корияш ӯро аз Black Star мехостанд пеш кунанд, гуфт.

Егор Крид дар чорчӯбаи барномаи «вДудь» дар бораи офаридани аввалин суруди машҳураш «Самая-самая», муноқишаи худ бо Владимир Киселев ва Ҳабиб Нурмагомедов, инчунин барои чӣ шоу-бизнеси Русияро дӯст намедорад ва чаро ба ӯ посбонон лозим аст, нақл намуд. Илова бар ин сароянда шумораи арӯсҳои худ гуфт ва ҷудо шудани худро бо Нюша ба хотир овард.

Овозхон дар бораи Ҳабиб Нурмагомедов, размикори русиягӣ гуфт: Ӯ ба ман маъқул аст. Ва ҳамзамон афзуд, ки варзишгари ирландӣ Конор Макгрегорро низ меписандад.

Тирамоҳи соли гузашта миёни Егор Криду гурӯҳи Black Star ва Ҳабиб муноқиша сар зад. Хунёбазми (консерти) Егор дар Махач-қалъа бинобар шикояти фаъолон аз ҷониби пулиси маҳаллӣ бекор карда шуд. Ҳабиб ин тасмимро тарафдорӣ кард ва саранҷом мавриди тирборони Егор Крид ва Тиматӣ қарор гирифт. Дар натиҷа низоъ ба вуҷуд омад, ки варзишгар дар шиддати он тундомез изҳори назар кард.

— Ҳабиб консерти маро бекор накардааст, — гуфт Крид дар эфири барномаи «вДудь». – Ин мо консертро мавқуф гузоштем, ҳарчанд ки ба мо бисёриҳо занг мезаданд ва хоҳиш мекарданд, ки ин корро накунем. Вале ман мефаҳмонам, чаро тасмим гирифтем ин корро анҷом диҳем. Фақат се рӯз пеш аз консерт, ман ба Инстаграм нигаристам ва ҳеч нафаҳмидам, аз куҷо ин қадар таҳдидҳои зиёде ба унвони ман омадааст. Сипас тарафдорони Ҳабиб ба анҷоми бархе фаъолиятҳои умумӣ шурӯъ карданд. Чим-чӣ хел таҳдидҳо барои аз роҳ задани нафароне, ки ба консерт омаданӣ буданд. Ҳамзамон онҳо мегуфтанд, ки духтароне, ки ба консерт мераванд, тамоман духтар ба ҳисоб намераванд. Ин ҳама ҳамовозӣ пайдо кард ва ман гуфтам, ки ин кор барои мухлисони ман хавфнок. Аз ман хоҳиш мекарданд, ки консертро бекор накунам, эшонро дар вазъи ногувор нагузорам, вале ман дар посух мегуфтам, ки ҳаводорони худро фиреб дода наметавонам.

Аммо ман ҳамоно мухлиси Ҳабиб боқӣ мемонам. Ман ин гуна хислате надорам, ки ҳар касе ки маро дӯст намедорад, ман ҳам ӯро дӯст надошта бошам. Ман гуфта наметавонам, ки ӯро мухлисӣ хоҳам кард, вале ҳаминро мегӯям, ки вай варзишгари беҳамто аст. Гуфта наметавонам, ки супер-мухлис ҳастам. Коноре ҳаст, ки ӯро низ меписандам. Агар Конор ба муҳориба бо Ҳабиб зери таронаи ман мебаромад, ин хандаовар мебуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон