ФАВРӢ: Таҳсили ройгон дар донишгоҳи Robert Gordon University-и Бритониёи Кабир

ФАВРӢ: Таҳсили ройгон дар донишгоҳи Robert Gordon University-и Бритониёи Кабир

 

Муҳлати охирини супоридани ҳуҷҷатҳо: 30 июни соли 2019

Ҷойи баргузорӣ: Robert Gordon University – шаҳри Абердин, Бритониёи Кабир

Донишгоҳи Robert Gordon University — яке аз донишгоҳҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад, ки дар Шотландия, дар шаҳри Абердини Бритониёи Кабир ҷойгир шудааст. Донишгоҳ миёни таълимҳои бонуфузи бритонӣ аз рӯи дараҷаи бо кор таъмин будани хатмкунандагон дар рӯйхати беҳтаринҳо дохил аст.

Донишгоҳ ҳамеша ба донишҷӯён таҳсилотеро пешниҳод менамояд, ки онҳоро ба олами касбӣ раҳсипор намояд. Robert Gordon University-ро дар тамоми ҷаҳон бо ба роҳ мондани таҳсилоти сатҳи баланд барои ҳамаи барномаҳои бакалавриат, магистратура, аспирантура, курсҳои дастгирии касбӣ ва рушди шахсӣ овозадор аст.

Стипендия соли аввал шартномаи таҳсилро пурра рӯйпӯш мекунад.

Талаботҳо:

  • Дарёфти тасдиқнома аз донишгоҳи Robert Gordon University дар бораи қабул шудан ба яке аз барномаҳои бакалавриат (таҳсилоти рӯзона).
  • Доштани давомоти олии таҳсил.
  • Стипендияро танҳо донишҷӯёне гирифта метавонанд, ки шаҳрванди Бритониё ба ҳисоб намераванд ва барои пардохти маблағи шартномаи худ уҳдадоранд.
  • Донишҷӯ дигар стипендияро дарёфт карда наметавонад, аз ин рӯ ӯ бояд аз ҷиҳати молӣ худро таъмин карда тавонад.
  • Зарурати донистани забони англисӣ дар сатҳи олӣ.

Барои дарёфт намудани стипендия бояд дархостнома ва мактуби мақсаднокӣ (на зиёда аз 500 калима) навишта шавад. Донишҷӯён ба стипендияи мазкур арзанда будани худро нишон диҳанд. Дархостномаро бояд аз сомонаи донишгоҳ гирифт, пасон пур карда ба роёнишонии ugoffice@rgu.ac.uk равон намоед.

Маълумоти муфассалро метавонед аз сомонаи расмӣ дастрас намоед.

Сарчашма: http://st-gr.com/?p=1006

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон