Эден Азар бо бошгоҳи “Челсӣ” худоҳофизӣ кард

Эден Азар бо бошгоҳи “Челсӣ” худоҳофизӣ кард

 Бо пирӯзӣ дар Лигаи Аврупо Эден Азар, бозигари белгиягӣ бо “Челсӣ” хайрухуш кард. Ниммуҳофизатгари бошгоҳи англиягӣ гуфт, бозии ниҳоии мусобиқа, ки худ аз тарафи “кабудҳо” бозӣ кард, барояш охирин буд.

Рӯзи чоршанбе дастаи “Челсӣ” бошгоҳи “Арсенал”-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Азар ду голро ба дарвозаи рақиб ворид намуд ва ҳамчун бозигари беҳтарини дидор шинохта шуд.

“Замони шоҳкориҳои нав фаро расид”, — гуфт футболбози белгиягӣ, ки бино ба овозаҳо, ӯро дар бошгоҳи “Реал”-и Мадрид интизоранд.

“Вай ҳамеша орзу дошт дар “Реал” бозӣ кунад. Мебинем, чӣ мешавад. Ӯ то вопасин рӯз содиқ буд, бо тамоми тавоноияш талош кард. Ана барои чӣ бошгоҳ аз розӣ аст. Зоҳиран, ин имконияти бузургест барои вай. Азар барои мо – футболбози беҳамтост. Умедворам, ӯ ҳамроҳ бо “Реал” якчанд ҷоизаро аз худ хоҳад кард”, — хабарро шарҳ додааст рафиқи даставии ӯ Сесар Аспиликуэта.

“Танҳо метавонам барояш комёбиҳо орзу кунам, зеро вай барои “Челсӣ” бисёр корҳои арзишманд анҷом дод. Дар як даста бо ӯ бозӣ кардан хеле гуворо буд. Ман корномаки (каръераи) ӯро дар оянда низ пайгирӣ хоҳам намуд”, — гуфтааст нимҳимоятгари бошгоҳи “Челсӣ” Н’Голо Канте дар суҳбат бо расонанигорон.

https://twitter.com/ChelseaFC/status/1134058120022388737?ref_src=twsrc%5Etfw%7Ctwcamp%5Etweetembed%7Ctwterm%5E1134058120022388737&ref_url=http%3A%2F%2Fbooms.tj%2F2019%2F05%2Feden-hazard-bo-boshgohi-chelsea-khudohofizi-kard%2F

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон