Филми «Дэдпул» силсилафилм (сериал) мешавад?

Филми «Дэдпул» силсилафилм (сериал) мешавад?

 Пас аз бастани шартнома миёни ширкатҳои Disney ва Fox тақдири бисёри суперқаҳрамонон дар ҳоли ногувор қарор гирифтааст. Ба ин гурӯҳ мутантҳои дӯстдошта аз филми «Люди Икс» низ дохил мешавад. Дар замоне, ки дигарон дар фикри тақдирашон ҳастанд, «Дэдпул» хушҳолӣ карда истодааст, зеро роҳбари студия таъкид намуд, ки вобаста ба саҳнаи гумоштаи (наёмники) сергап саргузашти мазкур идома меёбад. Ғайр аз ин лоиҳа дар миёни дӯстдорони синамо мухлисону ҳаводорони зиёд дорад. Ягона чизе ки зери шубҳа қарор дорад, раддабандӣ ё худ рейтинги синнусоли калони R ба шумор меравад.

Масъулони лоиҳа ваъда доданд, ки дар ин бора низ фикр мекунанд. Ба ҳар ҳол, ин рӯзҳо овозаҳои зиёд баромадааст, ки гӯё қисми сеюми филми «Дэдпул» муваффақ нест. Тавре манбаъҳои нашрияи We Got This Covered хабар медиҳанд, студия се роҳи дигаргунсозии тақдири қаҳрамони (персонажи) Райан Рейнолдсро доро мебошад. Яке аз ин роҳҳо — силсилафилм дар платформаи Disney+ ба ҳисоб меравад, ки имрӯзҳо бисёре аз қаҳрамонони шинохтаи олами синамои Marvel раҳсипор ҳастанд.

Сарчашма: https://www.film.ru/news

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон