НАМУРДА ҲАЙКАЛАШРО ДИД: АРИАНА ГРАНДЕ СОҲИБИ МУҶАССАМАИ ХУД ШУД

НАМУРДА ҲАЙКАЛАШРО ДИД: АРИАНА ГРАНДЕ СОҲИБИ МУҶАССАМАИ ХУД ШУД

 

Сарояндаи маъруфи амрикоӣ — Ариана Гранде дар Осорхонаи машҳури бону Тюссо соҳиби муҷассамаи худ гардид. Аммо сарояндаи 25-сола аз ин норизо аст.

Муҷассамаи овозхон дар осорхона дар фони конфетҳои зиёди гулобӣ дар шакли дилакҳо гузошта шудааст. Дар тани ӯ ҷемпери кушод ва мӯзаи дароз аст. Вай дар як дасташ микрофон дорад ва дасти дигарашро ба боло бардоштааст, ки гӯё дар пеши мухлисон худнамоӣ дорад.

Мухлисону ҳаводорони сароянда аллакай муносибати худро нисбат ба муҷассама изҳор намуданд. Ба бисёрии онҳо чеҳраи муҷассамагии Ариана писанд наомад. Онҳо қайд намуданд, ки муҷассама сархуш метобад, чеҳрааш бошад ғалатӣ ва аҳмақона аст. Илова бар ин, лӯхтак, ба фикри онҳо, аз Арианаи воқеӣ тамоман фарқ мекунад.

Худи Гранде муносибаташро ба «дугоники» хеш дар Осорхонаи Тюссо ба таври муфассал шарҳ надод, вале дар поёни акси муҷассама норизоии худро баён кард. “Ман танҳо мехоҳам бо онҳо сӯҳбат кунам”, — навиштааст Гранде. Мухлисон бошанд ӯро дастгирӣ карданд. “Мо низ мехостем бо шахси муҷассамаро сохта сӯҳбат кунем”, — гуфтаанд онҳо.

Аммо ба баъзе мухлисони сароянда муҷассама писанд омад.

Сарчашма: https://www.cosmo.ru/stars/news/27-05-2019/ariana-grande-vyskazala-nedovolstvo-svoey-statuey-v-muzee-madam-tyusso/?utm_source=pulse_mail_ru&utm_referrer=https%3A%2F%2Fpulse.mail.ru

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон