ТАЪРИХИ НАШРИ ФИЛМИ «ҶОН УИК 4» МАЪЛУМ ШУД

ТАЪРИХИ НАШРИ ФИЛМИ «ҶОН УИК 4» МАЪЛУМ ШУД

 Намоиши филми «Ҷон Уик 3» нав оғоз ёфт, студияи Lionsgate бошад, аллакай кор рӯи лоиҳаи нави қисми чоруми экшен-франшизаро тасдиқ намуд. Рӯнамоии идомаи он 21 майи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон дар бораи лоиҳаи мазкур ягон маълумот пешниҳод нагардидааст. Студия нагуфтааст, ки Чад Стахелски ба ҳайси коргардони филми ҷангӣ ӯҳдадор мешавад ё на. Ҳамчунин дар бораи омода будан ё набудани Киан Ривз барои чорум бор дар бозидани нақши Ҷон Уик маълумоте дастрас нашудааст.

Дар филми «Ҷон Уик 3» яке аз қотилони машҳури ҷаҳон барои вайрон кардани қоидаи асосӣ миёни киллерон, ки чунин аст: “дар ҳудуди меҳмонхонаи “Континентал” ягон нафарро куштан мумкин нест” дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Ӯ як соат вақт дорад, зеро пас аз он дар пайи ёфтани ӯ шикори хеле калон оғоз мегардад. Ҳама мехоҳанд, ки ин шахсияти достониро, ки Баба-яга тахаллус дорад, ба қатл расонида, маъруфиятро ба даст оранд.

Қисми сеюми экшен-силсилафилми машҳур оғози корро бо муваффақият ба роҳ монд. Дар якумин намоиш 92,2 миллион долларро ба хазинаи худ ворид намуд. Ин нишондодест, ки чанд маротиба аз умедвории мутахассисон зиёдтар аст.

Сарчашма: https://www.kinopoisk.ru/news/3366671/

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон