КЛИПИ КРИС БРАУН БА ТАРОНАИ «WOBBLE UP» НАШР ШУД (ВИДЕО)

КЛИПИ КРИС БРАУН БА ТАРОНАИ «WOBBLE UP» НАШР ШУД (ВИДЕО)

 Крис Браун рӯзи 20-уми майи соли равон намоҳанги (клипи) худро ба таронаи «Wobble Up» пешкаши ҳаводорони ҳунар намуд. Ҳамроҳ бо Крис таронаро Ники Минаж ва G-Eazy иҷро намуданд ва ҳамчунон онҳо дар намоҳанг нақши асосиро бозиданд. Ҳаракатҳои он дар ҷазираи тропикӣ ва дар саҳнаи рақс мегузарад, ки он ҷо сарояндагону раққосон истироҳат доранд.

«Wobble Up», ба мисли таронаҳои «Back to Love» ва «Undecided» ба албоми нуҳуми студиявии Крис Браун «Indigo» дохил мешавад, ки рӯнамоии он 21-уми июн доир мегардад. Ба қарта (пластинка) 30 суруд ворид мешавад, ки бо иштироки Ҷастин Бибер, Tyga, H.E.R. ва дигарон сабт шудаастт.

Сарчашма: https://www.intermedia.ru/news/33567

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон