«R9» — ТАРОНАИ НАВЕ АЗ РИАННА

«R9» — ТАРОНАИ НАВЕ АЗ РИАННА

 

Овозхони номдори амрикоӣ — Рианна дар сабки регги албоми нав омода карда истодааст. Вай тақрибан як сол дар мусоҳиба бо маҷаллаи Vogue гуфта буд, қартае (пластинка) мехоҳад барорад, ки дар он решаи карибии ӯ эҳсос карда шавад. Айни замон дар сӯҳбат бо нашрияи Т сароянда якчанд маълумотро ошкор намуд.

Рӯзи рӯнамоӣ ҳоло маълум нест, аммо Рианна бо ҳазл гуфт, ки мехоҳад албомро ба хотири мухлисонаш «R9» номад, чунки онҳо мунтазам аз ӯ дар ин бора мепурсанд.

— Онҳо маро бо номи «R9» таъқиб мекунанд: «R9, R9, кай R9 мебарояд?». Чӣ тавр ман метавонам номи дигар интихоб кунам, дар ҳоле ки он аллакай номида шудааст? – гуфтааст Рианна дар мусоҳибаи худ.

Сарчашма: https://www.intermedia.ru/news/335638

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон