ҶИН ХОҲИШИ ЯКУМРО ИҶРО НАМУД ВА ПЕШСАФӢ НАСИБИ «АЛАДДИН» ГАРДИД

ҶИН ХОҲИШИ ЯКУМРО ИҶРО НАМУД ВА ПЕШСАФӢ НАСИБИ «АЛАДДИН» ГАРДИД

 Филми «Аладдин», ки дар асоси филми тасвирии ҳамноми студияи Walt Disney рӯйи навор омада буд, дар фурӯши ватании худ нисбат ба пешбиниҳои мутахассисон даромади боз ҳам зиёдтарро ба даст овард. Тавре омор ё худ статистикаи расонаи Boxoffice Mojo гувоҳӣ медиҳад, филми мазкур дар нахустнамоиши худ дар Амрикои Шимолӣ 86,1 миллион доллар ба хазинаи худ ворид намудааст.

Ин дастоварди беҳтарин ва назарраси фаъолияти коргардони лоиҳа Гай Ричи ба ҳисоб меравад. Филми «Аладдин» ҳамчунин аз афсонаҳои дигари студияи Walt Disney, ба монанди «Золушка» (67,8 миллион доллар) ва «Малефисент» (69,4 миллион доллар) натиҷаҳои хубтареро нишон додааст. Фоидаи ҷаҳонии филми «Аладдин» аллакай аз 200 миллион доллар зиёдтар шудааст.

Ҷои дуюмро филми «Ҷон Уик 3» ишғол намуд, ки дар намоиши ҳафтаи дуюми худ боз 24,3 миллион долларро ба даст овард. Ҳаҷми умумии даромади он ба 175 миллион доллар расид. Зинаи сеюмро баэкранории мазҳакаҳои студияи Marvel «Интиқомгирон 4: Хотима» (Мстители 4: Финал) сазовар гардид, ки ба хазинаи худ 16,8 миллион доллар ворид намуд. Ҳангоми нашри маълумот мазкур лоиҳа аллакай дар ҳисоби худ 2,677 миллиард доллар дошт.

Сарчашма: https://www.kinonews.ru/news_87206/

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон