ҲУЗУРИ ЛЕОНАРДО ДИКАПРИО ВА БРЭД ПИТТ БО ФИЛМИ «ЗАМОНЕ ДАР ҲОЛЛИВУД» ДАР ҶАШНВОРАИ ФИЛМҲОИ КАНН (ВИДЕО)

ҲУЗУРИ ЛЕОНАРДО ДИКАПРИО ВА БРЭД ПИТТ БО ФИЛМИ «ЗАМОНЕ ДАР ҲОЛЛИВУД» ДАР ҶАШНВОРАИ ФИЛМҲОИ КАНН (ВИДЕО)

 Дар Соҳили Лазурии Фаронса яке аз намоишҳои деринтизори Ҷашнвораи филмҳои 72-юмин Канн баргузор гардид.

Дар Соҳили Лазурии Фаронса яке аз намоишҳои деринтизори Ҷашнвораи филмҳои 72-юмин Канн баргузор гардид.

Ҳунармандони номии амрикоӣ — Брэд Питти 55 сола ва Леонардо ДиКаприои 44 сола ба Фаронса омаданд, то ки филми Квентина Тарантино «Замоне дар Ҳолливуд»-ро (Once Upon a Time in Hollywood) муаррифӣ намоянд. Ин аввалин лоиҳаи муштараки ҳунарпешагони машҳури Ҳолливуд ба ҳисоб меравад.

ҲУЗУРИ ЛЕОНАРДО ДИКАПРИО ВА БРЭД ПИТТ БО ФИЛМИ «ЗАМОНЕ ДАР ҲОЛЛИВУД» ДАР ҶАШНВОРАИ ФИЛМҲОИ КАНН (ВИДЕО)

 

Питт ва ДиКаприо рӯйи қолини сурх бо смокинги классикӣ қадам монданд.

Ҳунарпешаҳоро мухлисон бо кафкӯбиву қарсакзанӣ пешвоз гирифтанд. Ситораҳо на танҳо дар назди суратгирҳо ба таври гуногун истода сурат гирифтанд, инчунин дар бораи лоиҳа низ шарҳ доданд. Лео қайд намуд, ки Квентин Тарантино — «яке аз барҷастатарарин намояндагони асосии расму ойини синамогари машҳур ба ҳисоб меравад» ва Брэд бошад, тасвирро «пайғоми ошиқона барои Ҳолливуд, Лос-Анҷелес ва филм» номид.

ҲУЗУРИ ЛЕОНАРДО ДИКАПРИО ВА БРЭД ПИТТ БО ФИЛМИ «ЗАМОНЕ ДАР ҲОЛЛИВУД» ДАР ҶАШНВОРАИ ФИЛМҲОИ КАНН (ВИДЕО)

 

Сужаи асосиро дар филми «Замоне дар Ҳолливуд» — тақдири ҳунарпешаи замоне машҳур (ДиКаприо) ишғол менамояд, ки мехоҳад маъруфияташ ва дублери ӯ (Питт)-ро боз баргардонад. Саргузашт дар бораи воқеаи куштори ҳунарпешаи ҳомила Шэрон Тейт дар соли 1969 нақл мекунад.

Ғайр аз ситораҳои номбаршуда боз дар тасвир ҳунармандон, аз қабили Марго Роббӣ, Курт Расселл, Дакота Фаннинг ва дигарон иштирок ва ҳунарнамоӣ намудаанд. Рӯзи нахустнамоиш боз трейлери филми нави Тарантино низ намоиш дода шуд.

Барои дастгирии ДиКаприо, дар намоиши ҷашнвораи Канн маъшуқаи 21-солаи ӯ Камила Морроне ташриф оварда буд.

Cарчашма: https://www.cosmo.ru/stars/news/22-05-2019/leonardo-dikaprio-i-bred-pitt-predstavili-v-kannah-svoy-pervyy-sovmestnyy-film/

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон