Ҳайбулоев рақиби амрикоияшро дар 10 сония аз пой афтонду рекорд гузошт-видео

Ҳайбулоев рақиби амрикоияшро дар 10 сония аз пой афтонду рекорд гузошт-видео

 Наворе, ки дар он Мавлид Ҳайбулоев рақиби амрикоияшро бо суръати "нур" беҳуш мекунад, дарҳол дар интернет паҳн шуд

Варзишкори русиягӣ Мавлид Ҳайбулоев рақобати нахустини худро дар лигаи PFL-и Амрико аз рӯи муҳорибаҳои омехта бо мувафаққият анҷом дод.

Рақиби варзишкори 28-солаи русиягӣ, Деймон Ҷексони 30-сола аз Амрико шуд.

Ҳайбулоев дар ин рақобат бо шаллоқи нишонраси худ дар даҳ сония рақибашро аз пой афтонда, пирӯз шуд.

Ҳайбулоев парида бо зону ба сари рақибаш ҳамла кард. Ҷексон аз ҳайбати ин шаллоқ дигар аз ҷой бар нахост.

[media=https://twitter.com/i/status/1131712836902760454]

Ташкилкунандагони размоиш қайд карданд, ки ин босуръаттарин нокаут дар таърихи PFL буд.

Read more: https://sputnik-tj.com/world/20190526/1028997831/haybuloev-raqib-amrikoiyash-dar-10-soniya-behush-kard-video.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон