Дар қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар Қатар 32 даста иштирок мекунад

Дар қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар Қатар 32 даста иштирок мекунад

 Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Қатар 32 дастаи мунтахаб ширкат меварзад. Дар ин бора сомонаи расмии FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол) хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, Федератсиони байналмилалии футбол ҳамроҳ бо ташкилкунандагони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар имконияти зиёд намудани дастаҳоро то 48 адад баррасӣ намуд.

Аз сабаби он ки омодагӣ ба қаҳрамонии ҷаҳон дар марҳилаи ҷорӣ қарор дорад, барои баҳогузорӣ ба имконияти баргузории мусобиқот бо ширкати 48 дастаи мунтахаб вақти бисёр зарур аст. Бинобар ин, тасмим гирифта шуд, ки аз зиёд кардани теъдоди дастаҳо даст кашида шавад, зеро ки муҳлати охирин барои қабули ин қарор июни соли 2019 муқаррар шуда буд.

Аз қаҳрамонии ҷаҳон-2026 сар карда дар мусобиқот 48 даста иштирок хоҳад кард. Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар аз 21-уми ноябр то 18-уми декабр баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки мусобиқоти гурӯҳии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар минтақаи АFC (Конфедератсиони футболи Осиё) 5-уми сентябр оғоз меёбад. Рақибони дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар ин мусобиқот тавассути қуръакашӣ, ки 17-уми июл доир мегардад, маълум мешаванд.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 моҳи июн ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Футболбозони тоҷик 7-уми июн дар Душанбе бо тими миллии Афғонистон ва 11-уми июн дар Гуанжоу бо дастаи мунтахаби Чин рақобат мекунанд.

Ҳамчунин дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Interсontinental Cup 2019», ки рӯзҳои 7-18-уми июл дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон доир мегардад, ширкат меварзад. Рақибони футболбозони тоҷик тимҳои мунтахаби Сурия, Кореяи Шимолӣ ва Ҳиндустон мебошанд, ки дар Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ширкат доштанд.

Мусобиқаи байналмилалии «Interсontinental Cup 2019», ки аз рӯи системи даврӣ сурат мегирад, аз як давра иборат аст, яъне дастаҳо бо ҳам якборӣ рӯбарӯ мешаванд. Баъдан ду дастаи беҳтарин дар финал рақобат мекунанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон