Макгрегор тафсилоти ҷанҷоли калон бо Нурмуҳаммедовро гуфт

Макгрегор тафсилоти ҷанҷоли калон бо Нурмуҳаммедовро гуфт

 Ба гуфтаи вай, саркардаи ҷанҷоле, ки баъди муҳориба бо ӯ сар зад, худи Ҳабиб Нурмуҳаммедов буд

Варзишкори ҳангомаҷӯи ирландӣ Конор Макрегор бори аввал тавзеҳ додааст, ки баъди муҳориба бо Ҳабиб Нурмуҳаммедов чигуна байни мухлисони ду тараф ҷанҷоли калон  сар зад. Ӯ Ҳабибро ташаббускори ин ҳодиса гуфтааст.

"Ҷанҷол баъди муҳорибаи мо ба миён омад. Ҳабиб аз майдон худро сӯи тамошобинон ҳаво дод ва бо ҳамин ҷанҷол сар шуд. Аммо баъди сар шудани задухӯрди ду тараф, худаш дарҳол пинҳон шуд. Ба фикри ман тарсид, тамоми гурӯҳи ӯ мушҳои тарсуянд.  Лекин пирӯзии Ҳабибро дар муҳориба эътироф мекунам ва ӯро шодбош мегӯям", - гуфтааст вай.

Макрегор ҳоло ҳам умед дорад, ки онҳо бори дигар дар октагон вомехӯранд.

Пештар хабар дода шуд, ки намояндаи қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов - Алӣ Абдулазиз дар бораи нақшаҳои варзишкор дар соли равон ба ESPN нақл кард.

"Ӯ ба ман дастурҳои вижа дод. Ӯ гуфт мехоҳад 7 сентябр ва моҳи декабр ба майдон барояд. Агар Ҷорҷ Сент-Пер мушкилашро бо UFC ҳал кунад, як таниши дигар моҳи апрел баргузор хоҳем кард. Ӯ мехоҳад моҳи апрел ба мубориза барояд",-  гуфт Абдулазиз.

Пештар Ҳабиб гуфта буд, ки моҳи сентябр ба шарте ба майдон мебарояд, агар Зубайр Тухугов ва Абубакр Нурмуҳаммадов, ки бо айби ӯ аз ширкат дар муҳорибаҳо маҳрум шуданд, пеш аз ӯ ба майдон бароянд.



Read more: https://sputnik-tj.com/sport/20190522/1028968733/Makgregor-tafsiloti-anoli-kalon-bo-Nurmuammedovro-guft.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон