Пардохти қарзи бонкии Гулбегим Раҳмоноваи дар Клин фавтида аз ҷониби як нафари хайрхоҳ

Пардохти қарзи бонкии Гулбегим Раҳмоноваи дар Клин фавтида аз ҷониби як нафари хайрхоҳ

 

Баъди нашри хабари марги ӯ дар расонаҳо, сафи хайрхоҳон ва кумакрасонон ба ин оила рӯз то рӯз зиёд мешавад.

Холаи Нишастамоҳ, модари Гулбегим Раҳмонова, муҳоҷире, ки  дар шаҳри Клини вилояти Маскав бар асари сактаи қалб вафот кардааст, дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки аз нафарони хайрхоҳ миннатдор аст ва дар ҳаққи онҳо дуо мекунад. Ҳамчунин бо хушӣ гуфт, нафари ношиносе қарзи аз бонки “Ҳумо” доштаи ғӯрамаргро пардохт кардааст.

- Нафари хайрхоҳе, ки ман намешиносамаш, қарзии бонкии духтарамро пардохт мекунад ва гуфтанд, ки аллакай пардохт шудааст. Ба ростӣ, ман намешиносам ин нафарро ва бисёриҳо, ки кӯмак мекунанд, худро муарифӣ наменамоянд, - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ин модар, дар як рӯз ба хонаводаи онҳо тақрибан се чор нафар барои аёдати фарзандони Гулбегим меоянд, ки ҳам кӯмакҳои пулӣ мекунанд ва маҳсулоти хӯрока меоранд.

Аммо мегӯяд, то имрӯз сабаби асосии марги фарзандашро намедонад ва дугонаи Гулбегим, ки ӯро ба Русия барои кор даъват карда буд, ба занги телефони онҳо посух намедиҳад.

“Дугонаи духтарамро танҳо дар бозор, ки ба нонфурӯшӣ машғул буд, дидааму халос ва ҳатто нафаре аз наздиконашро низ намешиносам”, - изҳор мекунад ӯбо таассуф.

Модари марҳум мегӯяд, баъди нашр шудани хабари шум дар рӯзномаву расонаҳои хабарӣ сафи хайрхоҳон зиёд  шуда, бо онҳо дар тамос мешаванд.

Бояд гуфт, ки баъди нашри хабари фавти Гулбегим Раҳмонова дар расонаи хабарии “Азия-Плюс”, бисёр нафароне рақами телефони наздикони ӯро пурсиданд, то тавонанд кӯмаки ночизе ба ин хонавода бикунанд.

Раҷаби Мирзо, журналисти шинохтаи тоҷик, ки роҳбари гурӯҳи “Ахбор барои афкор” дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аст, барои кӯмак намудан ба ин хонавода сандуқи хайриявие таъсис дод, то нафарони хайрхоҳ тавонанд  кӯмаки худро ба ин хонавода расонанд.  

Раҷаби Мирзо дар саҳифаи худ менависад:

-  То имрӯз дар дасти ман аз ҳисоби маблағҳои хайрияи сокинони Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он, муҳоҷирони Русия ва бародарони хориҷи дур, дар маҷмӯъ 22 554 СОМОНӢ ва 350$ ҷамъ шудааст. Бар илова, дар Хуҷанд, Панҷакент, Кӯлоб, Бохтар нафарони масъули мо мабалағ ҷамъоварӣ доранд ва худашон ҳисобот хоҳанд  дод. Худо хоҳад, аз манотиқи Тоҷикистон ва Русия рӯзи панҷшанбе ҷамъи маблағҳоро як ҷо ҷамъ мекунем ва Рӯзи саиди Ҷумъа ба пайвандони марҳум хоҳем расонд.

Ёдовар мешавем, ки маъракаи ҷамъоварии маблағ аз ҷониби гурӯҳи мазкур то рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта идома меёбад. Аммо бархе иштирокчиёни шабакаи иҷтимоии Фейсбук пешниҳод намудаанд, ки маъракаи ҷамъоварии маблағ як муддати дигар давом ёбад, то бо маблағи ҷамъшуда ба ду фарзанди Гулбегим сарпаноҳ харидорӣ шавад.

Read more: https://news.tj/tj/news/tajikistan/society/20190522/pardohti-arzi-bonkii-gulbegimi-dar-klin-favtida-az-onibi-yak-nafari-hairho

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон