Муҳоҷири тоҷик Русияро ба Додгоҳи аврупоӣ кашид

Муҳоҷири тоҷик Русияро ба Додгоҳи аврупоӣ кашид

 Сулаймон Саидов, шаҳрванди 41-солаи Тоҷикистон, аз рӯйи ҳукумати Русия ба Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Инсон шикоят карда, товон хостааст.

Ӯ гуфт, дар ҳоле ки се сол пеш барои "тоҷик" ва "сарсиёҳ" будан мавриди ҳамла қарор гирифт ва аз як чашм маҳрум шуд, додгоҳҳои Русия онро "амали авбошӣ" донистаанд. Саидов бовар дорад, ки ҳамла ба ӯ дар заминаи адовати миллӣ буд.

Мақомоти Русия дар гузашта гуфтаанд, ки парвандаи Саидовро мӯшикофона таҳқиқ ва ҳамлаварро бо ҷурми талоши куштор беш аз даҳ сол зиндонӣ кардаанд.

Онҳо мегӯянд, Сергей Тсарев, шаҳрванди 61-солаи Русия дар ҳолати мастӣ бо таппончаи травматикӣ ба Сулаймон Саидов ҳамла кардааст ва “ин як амали авбошист”. Зинаҳои болоии додгоҳ дар Русия низ бегонаситезӣ будани қазияи Саидовро рад кардааст.

"Ин қатор барои русҳо аст"

Ҳамла ба Сулаймон Саидов моҳи апрели соли 2016 рух дод. Ӯ рӯзи 15-уми май гуфт, парвандааш ноодилона таҳқиқу баррасӣ шуд ва ҳатто 360 ҳазор рублеро, ки дар моҳҳои аввал дар бемористон харҷ кард, ҳанӯз напардохтаанд.

"Сад дар сад бегонаситезӣ буд. Ин мардро намешинохтем ва ӯ ҳам моро намешинохт. Дар миёни даҳҳо рус фақат ба ману ҷиянам ҳамла кард", -- афзуд ӯ.

Аризаи ин шаҳрванди Тоҷикистон ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар бо ёрии Кумитаи "Гражданское содействие" (Мусоидати шаҳрвандӣ) дар Русия навишта шудааст. Ба гуфтаи масъулони созмон, ҳамлагар замони ҳуҷум Сулаймон Саидов ва ҷиянашро бо ибораҳои "сарсиёҳ" таҳқир карда ва гуфтааст, "ин қатор барои русҳо аст".

Бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон

Сулаймон Саидов мегӯяд, то замони ҳамла дар Русия кор мекард ва рӯзии худу ҳамсар ва чаҳор фарзандашро меёфт. "Пас аз ин ҳодиса корам фақат табобат аст. Ҳанӯз сар ва чашмам месӯзад ва пайваста зери назари пизишкон ҳастам. Дигар мисли пеш кор карда наметавонам. Аз ин рӯ, бо муроҷиат ба Додгоҳи аврупоӣ мехоҳам пеш аз ҳама ҷуброни зарари расида ба саломатиамро ба даст орам", -- гуфт ӯ.

Чаҳор моҳ пеш Сулаймон аз Русия ба Тоҷикистон баргашт ва ҳоло дар ватан қарор дорад.

ветлана Ганнушкина, раҳбари Кумитаи “Гражданское содействие”, рӯзи 15-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ба он хотир ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар муроҷиат карданд, ки ҳукумати Русия (дар симои кормандони пулис) замони ҳамла ба муҳоҷири тоҷик "беамалӣ нишон додааст".

"Чунин парвандаҳоро авбошӣ менависанд"

"Дар парвандаҳо ба сахтӣ ангезаи миллатбадбинӣ доштани ҳамлаҳоро зикр мекунанд. Мақомот аксаран инро эътироф намекунанд. Ба он хотир ҳукумат ин ҳолатро эътироф намекунад, ки худашон дар барангехтани андешаҳои миллатбадбинӣ даст доранд. Аз ин рӯ, аксаран чунин парвандаҳоро ҳамчун авбошӣ баррасӣ мекунанд", -- гуфт Ганнушкина.

Ҳамла ба Сулаймон Саидов дар се соли пеш баҳсҳои бегонаситезӣ дар Русияро доман зад. Дар он замон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз давлати Русия хост, ки гунаҳкорро пайдо карда ва ҷазои сазовор диҳад.

Дар Русия беш аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд. Онҳо ба далели бекорӣ ва камии маош дар кишвар ба онҷо рафтаанд.

Амри додгоҳ ба пардохти товон

Дар гузашта Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Инсон ба Русия амр дода буд, ки ба чанде аз шаҳрвандон ва ё зодагони Тоҷикистон ба далели нақзи ҳуқуқи онҳо товон бипардозад.

Аз ҷумла, ба Ҳабибуллоҳ Насруллоев, раиси собиқи “Тоҷикматлубот”, ки бо дархости Душанбе дар Маскав барои қариб ним сол боздошт шуд; Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократ, ки аз Маскав ба таври асроромез ба Душанбе оварда шуд; Раҳматуллоҳ Назаров, як сокини ноҳияи Файзобод, ки дар Русия бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шуда буд ва сокини Хуҷанд Абдураззоқ Ғаффоров, ки дар Маскав бо ҷурми узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир 20 моҳро дар боздошт ба сар бурд, аз 15 000 то 50 000 евро товон бидиҳад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон