МАНИЖА ДАВЛАТОВА: СУРУД ХОНДАН ГУНОҲИ БУЗУРГ АСТ...

МАНИЖА ДАВЛАТОВА: СУРУД ХОНДАН ГУНОҲИ БУЗУРГ АСТ...

 "Аз як тараф ман медонам, ки суруд сароидан ва хурсанд кардани хотири дигарон назди Худованд гуноҳи азим аст. Инро ба ман устодам гуфта буд, ки ман аз ӯ дарсиҚуръони муқаддасро меомӯхтамАз тарафи дигар дӯстонам маро на танҳо мегӯяндбалки маҷбур мекунандки суруд бихонамЗеро ба гуфтаи онҳо дигаронро азшунидани садоям маҳрум кардан низ гуноҳ астВале ба ақидаи шахсии манвақтеинсон медонадки кардани кадом коре гуноҳ аст ва боз онро мекунадин гуноҳибузургтар аст…"

"Аз саҳна дилам хунук шудааст. Истеъдод– ин доди Худо аст. Вақте имрӯзҳо саҳнаитоҷикро мебинамростӣ дилам мешӯрадаммо боз оҳи сабук мекашамки ман миёнионҳо нестамРоликҳои таблиғотии консертҳоро мебинамки гап дар бораи ин ё онсарояндаи машҳур меравад, аммо…”

Манижа Давлатова – сарояндаи маҳбуб ва ситораи тобноки эстрадаи тоҷик 31-уми декабри соли 1982 дар шаҳри бостонии Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Ӯ дар оила духтари панҷум буда, аз худ калон боз чор хоҳари дигар дорад. Падар интизори писар буд, вале Худованд ба ӯ боз духтар дод. Падар аз ин нороҳат нагашта, баръакс хурсанд шуд. Манижаро "бачам” мегуфт ва "ҷӯраҷон” гӯён садояш мекард. Манижа аз хурдӣ духтараке буд чусту чолок ва аз ҳамсолонаш фарқкунанда. Ҳанӯз аз айёми кӯдакияш қобилияти сурудхониро доро буд ва бо майлу рағбати зиёд суруд мехонд. Омӯзиши забонҳои хориҷиро дӯст медошт. Пас аз хатми мактаби миёнаи №8-и шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб супорида, донишҷӯи ин боргоҳи илму маърифат гардид.

Ҳолати ногаҳоние боис шуд, ки хаёлҳои Манижа ба ҳақиқат табдил ёфтанду роҳи ӯ ба сӯи ҳунару санъат боз шуд. Ҳангоми дар курси дуюми Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб таҳсил намуданаш, барои аз санҷиши фанни забони англисӣ гузаштан, Манижа сурудеро бо забони англисӣ дар назди намояндагони Вазорати маориф иҷро намуд. Ӯ саундтреки филми "Титаник”-ро, ки хеле таъсирбахш аст, интихоб карда буд. Пас аз иҷрои ин суруд ба Манижа пешниҳод намуданд, ки ҳуҷҷатҳояшро ба шӯъбаи сурудҳои эстрадии Донишкадаи санъат бисупорад, аммо падараш ба ин пешниҳод розӣ нашуд. Падар ҳанӯз замони кӯдак будани Манижа ба ӯ мегуфт, ки роҳи санъату ҳунар роҳи пурпечутоб ва мушкил аст. Манижа бошад, ночор шӯъбаи рӯзноманигориро интихоб кард.

Дар соли сеюми таҳсил ба шаҳри Душанбе кӯчид ва таҳсилашро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) идома дод. Акнун дар пойтахт зиндагӣ мекард ва мустақилона ба сабти сурудҳои аввалини хеш шурӯъ намуд. Манижа сабки баромад ва эҷоди худро интихоб намуда, бо эҷодиёти сароянда ва бастакори тоҷик Зикриоллоҳ Ҳакимов ошноӣ пайдо намуд. Аз ҳамин ҷо ҳамкории эшон оғоз шуд ва Манижа аввал падаррову сипас Зикриоллоҳро устоди хеш медонист.

Аввалин суруди Манижа "Дар лабиҷӯй” ном дошт, ки баъди ба шаҳри Душанбе омаданаш ба зудӣ сабт гардид. Дере нагузашта се клип ва албоми таронаҳояшро бо номи "Сарнавишти ман” таҳияву пешкаш намуд. Манижа дар интихоби шеъру оҳанг басо ҷиддӣ буд, аз ҳамин сабаб таҳия ва басту банди ҳар таронаи нави ӯ дуру дароз идома мекард. Матни якчанд сурудҳои Манижа ба қалами худаш тааллуқ доранд. "Дили дардманд”, "Ёри дилозор”, "Дури бидон” далели гуфтаҳои болост. Суруди "Бӯса”-ро бошад, овозхон аз эҷодиёти шоири афғон Ҳорун Роун сурудааст.

Манижа аввалин маротиба сурудҳои албоми нахустинашро дар барномаи консертии "Суруди сол”, ки дар шаҳри Мазори Шарифи Ҷумҳурии Афғонистон баргузор гардида буд, иҷро намудааст. Соли 2002 барномаи яккаи консертии худро дар "Кохи Борбад” баргузор намуд. Манижа барои баргузор кардани ин барномаи консертӣ муддати дароз омодагӣ дид ва ороиши рӯю мӯяшро пардозгар Мавлуда Ҳамроева ба ӯҳда дошт. Мӯйҳои ҷингилаи аз ду бари рӯяш поён хамидаи Манижа, ки услуби хоси ӯ буд, пас аз баргузории консерт барои тамоми занону духтарони тоҷик мӯд шуд.

Замоне Манижа Давлатова бо сарояндаи саршиноси кишвар Сироҷиддин Фозилов ҳамкорӣ дошт ва якҷоя сурудҳои "Ман, ки дар гӯшаи боми ту будам” ва "Сиёҳчашмак”-ро иҷро намудаанд. Таронаи "Ман, ки дар гӯшаи боми ту будам” барои ҳарду овозхон, ки дар ҷодаи ҳунар навкор буданд, муваффақияти ғайричашмдоштеро оварда буд. Баъди ин ҳама ҳамкориҳо миёни мардум овозае паҳн шуд, ки гӯё Манижаву Сироҷиддин бо ҳам оиладор шудаанд. Вале ҳарду ҳам ин овозаро рад намуда, иброз доштанд, ки миёни онҳо ҷуз дӯстӣ ва ҳамкорӣ чизи дигаре нест. Сироҷиддин Фозилов соли 2006 дар як сӯҳбаташ бо "Радиои Озодӣ” аз рӯзҳои гузаштаи бо Манижа буданаш ёдоварӣ карда, дубора бо ӯ ҳамкорӣ кардан мехоҳад.

Манижа Давлатова дар муддати кӯтоҳе, ки рӯи саҳнаи тоҷик буд, се маротиба ба гирифтани ҷоизаи "Суруди сол” мушарраф гардидааст. Соли 2003 бо суруди "Сарнавишти ман”, соли 2004 бо суруди "Озор бигзарад” ва соли 2005 бо таронаи "Дури бидон” ки омехтаи сабки тоҷикиву ҳиндӣ буд, ҷоизаи мазкурро соҳиб шудааст. Соли 2017 бошад, барои саҳми беандозааш дар рушди санъати тоҷик сазовори ҷоизаи ватании "Tamoshow Music Awards 2017” гардид. Ҳарчанд худи овозхон дар ин маросим иштирок надошт, вале ташкилкунандагони лоиҳа ҷоизаро ба ӯ расониданд.

Мардуми кишварҳои ҳамсоя Манижаро дӯст доштанд ва ӯро барои баргузории барномаи консертӣ ба шаҳри Кобул даъват намуданд. Манижа миёни мардум на фақат бо сурудҳои хубу пурмазмунаш, инчунин, бо риоя намудани ободи либоспӯшӣ низ маҳбубият пайдо намуда буд. Ӯро гоҳ-гоҳ бо ҳиҷоб низ медиданд. Аммо Манижа дар қатори дигар занҳои мусулмон ҳамеша ҳиҷоб ба бар намекард. Бо либосҳои аврупоӣ ва шиму костюмҳои ҷинс низ дар саҳна ҳунарнамоӣ мекард.

Соли 2007 як қатор ҳодисаҳое рух доданд, ки ба рӯҳияи эҷодии Манижа таъсири манфӣ расониданд. Марги падар, ки ягона пуштибон ва дастгири оила буд, барои Манижа зарбаи сахте аз ҷониби Парвардигор шуд. Пас аз баргузории барномаи консертӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Афғонистон, Манижа мавриди таъқиби хадамоти махсус қарор гирифт. Ӯро бо гумони алоқа доштан бо мафияи Осиё айбдор мекарданд, аммо Манижа инро дар мусоҳибаҳои худ рад кард.

Пас аз ин ҳама мушкилиҳои ба сараш омада, Манижа тавонист худро аз бӯҳрон барорад. Ба хотири гиромидошти рӯҳи падараш албоми дуюмашро "Падар” ном ниҳод ва дар васфи падараш сурудеро низ дар албом ҷой дод. Клипашро бошад, дар якҷоягӣ бо Рустам Шоазимов сабт намуданд, ки дар канали мусиқавии "Tamoshow” ба намоиш гузошта шудааст. Манижа таронаҳои "Беҳуда хорам мекунӣ”, "Зи чашмони ту мемирам”, "Маро мешиносӣ”, "Зи ман беҳуда меранҷӣ”, "Ишқи ман”-ро низ ба албоми дуюмаш дохил намуда, пешкаши ҳаводорони ҳунараш гардонид.

Инҳо охирин таронаҳое буданд, ки аз забони Манижа садо доданд. Имрӯз тахминан 13-14 сол мешавад, ки овозхон дар саҳнаи тоҷик ҳунарнамоӣ намекунад ва мухлисонаш ташнаи садову муштоқи дидораш ҳастанд. Аз саҳна дур шуданашро чанд соле қабл чунин маънидод карда буд:

"Аз саҳна дилам хунук шудааст. Истеъдод – ин доди Худо аст. Вақте имрӯзҳо саҳнаи тоҷикромебинамростӣ дилам мешӯрадаммо боз оҳи сабук мекашам, ки ман миёни онҳо нестам. Роликҳои таблиғотии консертҳоро мебинам, ки гап дар бораи ин ё он сарояндаи машҳур меравад, аммо вақте худи консертро мебинӣнафароне баромад кардаандки умуман овоз надоранд ва ҷоионҳо саҳна нестАз сурудҳои пастмазмуне, ки имрӯз мардуми мо ба гӯш кардани он одаткардаандсанъату фарҳанги тоҷик мурда истодаастБолои ҳамаи ин телевизионҳои давлатӣкиоинаи ҷомеа ба ҳисоб меравандчунин сурудҳои бемазмунро пахш мекунанд.

Инчунин, қайд карда буд, ки аз саҳна рафтанаш ба дин низ алоқамандӣ дорад:

"Аз як тараф ман медонам, ки суруд сароидан ва хурсанд кардани хотири дигарон назди Худованд гуноҳи азим аст. Инро ба ман устодам гуфта буд, ки ман аз ӯ дарси Қуръони муқаддасромеомӯхтамАз тарафи дигар дӯстонам маро на танҳо мегӯяндбалки маҷбур мекунандки сурудбихонамЗеро ба гуфтаи онҳо дигаронро аз шунидани садоям маҳрум кардан низ гуноҳ астВалеба ақидаи шахсии манвақте инсон медонадки кардани кадом коре гуноҳ аст ва боз онро мекунадин гуноҳи бузургтар аст. Аммо агар суруд насароям, хуб зиндагӣ карда наметавонамзеро сурудумусиқӣ маънии ҳаёти ман астМан танҳо барои Ислом ва барои Пайғамбар суруд хоҳам хондчунки ин ба ман рӯҳи тоза ва қувваи нав медиҳад.

Ҳарчанд имрӯзҳо худи Манижа дар рӯи саҳна нест, вале дастпарварони мактаби мусиқии ӯ Зулайхо Маҳмадшоева, Сурайё Мирзоева, Раҳмия Аюбӣ бо таронаҳои эҷодкардаи Манижа баромад карда, мухлисони ӯро каме ҳам бошад, ором мекунанд. Манижа аз саҳна дур шудааст, аммо аз эҷод дур нест. Бо дигар сарояндагон пайваста ҳамкорӣ ва барои эшон суруду оҳангҳои ҷадид эҷод мекунад. Дар тӯли 13 соли аз саҳна дур буданаш ҳамагӣ як суруд бо номи "Осмон боронист” сароидааст, ки он ҳам дар шакли аудиоӣ буд.

Манижа дар бораи ҳаёти паси саҳнавияш гап заданро дӯст намедорад. Овозаҳое ҳам паҳн шуда буданд, ки шавҳари Манижа афғон аст. Вале дар бораи ин ва дигар паҳлӯҳои ҳаёташ худи овозхон ба касе чизе нагуфтаву ин овозаро тасдиқ ҳам накардааст. Дар сомонаи "Инстаграм” бо 104 ҳазор обуначӣ саҳифаи шахсии худро дорад, ки каму беш азнавгониҳои ҳаёташ ба мухлисонаш хабар медиҳад. Ду сол қабл дар саҳифаи Фейсбукаш хабар дода буд, ки бар қасди душманонаш, ки ӯро аз саҳна дур карданду худашон ситора шуданд, ба саҳна мебарояд:

"Ман ба онҳо ҳар чизе хостанд, додам. Агар душманони ман аз ин хурсанд бошанд, ман розиям. Вале ин ҷо саволе ба миён меоядки худи онҳо метавонанд 11-12 солиҳаёташонро барои ман қурбон кунандАгар ҳапас ман ба саҳна мебароям!

Таронаи "Беҳуда хорам мекунӣ” яке аз таронаҳои машҳури Манижа мебошад, ки солҳои пеш аз тарки саҳна карданаш эҷод шудааст. Тарона мазмуни баланд ва оҳанги хуб дорад, ки то ҳол дар хонадони ҳар як фарди тоҷик садо медиҳад. Рӯзноманигор ва коргардони тоҷик Талабшо Муқимов соли 2010 бо номи "Беҳуда хорам мекунӣ” филме ба навор гирифт, ки аз ҳашт қисм иборат мебошад. Мазмуни филм ба мазмуни суруд монанд буда, дар филм суруди мазкур садо додааст.

Имрӯзҳо дар Интернет наворҳое чарх мезананд, ки дар он духтараке монанд ба Манижа сурудҳои ин овозхонро бозхонӣ мекунад ва ӯро духтари Манижа мегӯянд. Онҳое, ки Манижаро хуб намешиносанду намедонанд, дар ҳайратанд, ки Манижаи сиву ҳафт сола чӣ гуна метавонад соҳиби духтари 20-22 сола бошад? Ба гуфтаи онҳое, ки Манижаро мешиносанд, ин духтарак ҷияни сароянда аст, на духтараш. Чуноне ки дар боло гуфтаҳои худи бону Манижаро овардем, яъне овозхонӣ кардан дар назди Худованд гуноҳи бузург аст. Ин нуқтаро қисми зиёди мухлисони Манижа тарафдорӣ мекунанд ва ба овозхон аҳсан мегӯянд, ки худро аз саҳна дур карда тавонист. Ба гуфтаи бархе аз мухлисон низ сарояндагӣ кардан гуноҳ аст ва онҳо овозхони дӯстдоштаашонро талқин мекунанд, ки ба ҷои суруд хондан намоз бихонад ва дар фикри охирати хеш бошад. Аммо зумрае аз мухлисони Манижа то ҳол умед бар он доранд, ки овозхон ба саҳна бармегардад. Худи Манижа бошад, дар бораи кай ба саҳна баргаштанаш чизе намегӯяду бар лаб мӯҳри хомӯшӣ задааст.

Мавод бо такя ба википедия ва сомонаҳои хабарии тоҷик омода шудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон