Хокпошиҳо тариқи телевизион: дуздии 100 сомониро намоиш медиҳанду миллионҳоро не

Хокпошиҳо тариқи телевизион: дуздии 100 сомониро намоиш медиҳанду миллионҳоро не

 Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гузоришҳои телевизионии мақомоти кишвар дар мавриди боздошти фасодкорону қонуншиканҳоро хокпошӣ унвон карда, таъкид намуд, ки бо пуштибонии мақомдорон миллионҳо дуздида мешаванд

Раисиҷумҳур гуфт, мақомдорони гумрук бо қочоқи ҳазорҳо тонна бор миллионҳо маблағи давлатро мегиранд. Ба гуфтаи Раҳмон, мошинро ҳатто намекушоянд бо талаби сад ҳазор барои вуруд  иҷозат медиҳанд.

Раисиҷумҳур зикр кард, ки ба наздикӣ воридшавии се мошинро кормандони мақомот тафтиш карданд.

“Дар ҳуҷҷат як чиз аст, дар дохили мошин тамоман чизи дигар. Дар ҳуҷҷат мехчаю болту гайка, вақте мекушоянд дар ҳамаи се мошин мол, матоъ, либос аст”, - иттилоъ дод Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони молия, андоз, гумрук ва бонкҳо.

Раисиҷумҳур таъкид кард, ки танҳо аз се мошини зикршуда 1,5 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукиро пинҳон кардаанд, аммо мақомоти мубориза бо фасод овораи гузоришҳое дар мавриди гирифтани сад сомонист.

“Мақомоти коррупсия мегардад, сад сомонӣ нагирифтааст, дар телевизион нишон медиҳанд, ки дузд ёфтем. Ина кор карда истодаем”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза бо фасодро муваззаф намуд, ки чораандешӣ дар ин самтро таҳким бахшанд.

Read more: https://sputnik-tj.com/politics/20190513/1028889752/Millionhoro-namebinand-khokposhiho-televizioni-Tojikiston.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон