ИҚТИБОСИ РӮЗ: СОҲИБИ ҲАМИН ЮТУБ КӢ АСТ? БЕ ИҶОЗАТИ “ТОҶИКФИЛМ” ВИДЕО НАШР НАКУНАД!

ИҚТИБОСИ РӮЗ: СОҲИБИ ҲАМИН ЮТУБ КӢ АСТ? БЕ ИҶОЗАТИ “ТОҶИКФИЛМ” ВИДЕО НАШР НАКУНАД!

 Идораи давлатии "Тоҷикфилм" ба унвонии маъмурияти шабакаи YouTube нома навишта, дархост кардааст, ки бе мувофиқа бо онҳо видеоҳои блогерони тоҷикро нашр накунанд. Масъулони “Тоҷикфилм” мегӯянд, аз муҳтавои видеоҳои бархе аз блогерҳо "шармашон меояд". 
Носир Раҳмон, мудири муассисаи давлатии "Тоҷикфилм", охири ҳафта ба Радиои Озодӣ гуфт, мувофиқи қонунгузории кишвар барои истеҳсол ва нашри маводи аудиовизуалӣ, яъне видеороликҳо таҳиягарон бояд иҷозатнома бигиранд. Ӯ гуфт, зидди фаъолияти видеоблогерҳо нестанд, аммо аз муҳтавои пасти бархе аз видеоҳо нигаронанд. 
“Мо муҳтавои видеоҳои онҳоро бояд бинем. Баъзан видеоҳои онҳоро тамошо карда, кас шарм медорад. Видеоҳое, ки аз ҷумҳуриҳои дигар дар Ютуб мегузоранд, мебинед ва роҳат мекунед. Аммо аз мо “колхоз шуда рафтааст”, — иброз дошт ӯ. 
Ютуб дар Тоҷикистон марказ надорад. Носир Раҳмон гуфт, намояндагони Ютубро гӯё дар Қазоқистону Русия пайдо карда ва ба онҳо нома фиристодаанд, ки баъзе аз маводро бе иҷозати онҳо нашр накунанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон